Матни баёнияи муштараки Эрон ва Арабистон

Таҳлили хабарӣ

Матни баёнияи муштараки Эрон ва Арабистон

Вазирони хориҷаи Эрон ва Арабистони Саудӣ дар Пекин зимни тавофуқ барои бозгушоии намояндагиҳои ду кишвар, бар омодагии худ барои аз байн бурдани монеъаҳои пеши рӯйи густариши ҳамкориҳо таъкид карданд.

Ҳусайн Амирабдуллоҳиён ва Файсал бен Фарҳон, вузарои умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Арабистони Саудӣ, субҳи имрӯз (панҷшанбе, 6 апрели 2023) дар Пекин ва баъд аз ҳафт сол ба сурати расмӣ дидор ва гуфтугӯ карданд.

Вузарои хориҷа пас аз ин дидор баёнияи муштаракеро бо ҳузури вазири хориҷаи Чин ба имзо расонданд, ки ба ин шарҳ аст:

“Дар сояи муфоди баёнияи сеҷонибаи муштараки Ҷумҳурии Исломии Эрон, Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Халқи Чин дар таърихи 19 исфанди 1401 (10 марти 2023) дар робита бо аз саргирии равобит байни Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳамчунин дар чорчӯби ҳамоҳангӣ байни ду кишвар дар робита бо иқдомоти лозим ҷиҳати аз саргирии фаъолияти диплумотик ва консулӣ байни ду кишвар, гуфтугӯҳое дар таърихи 17 фарвардини 1402 баробар бо 15 Рамазони 1444 ҳ.қ. мусодиф бо 6 апрели 2023 мелодӣ дар шаҳри Пекин байни Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва амир Файсал бен Фарҳон, вазири умури хориҷаи Арабистони Саудӣ сурат гирифт.

Ду тараф тайи ин гуфтугӯҳо бар аҳаммияти пайгирии иҷрои тавофуқи Пекин ва фаъолсозии он ба наҳве, ки эътимоди мутақобил ва заминаҳои ҳамкориро густариш диҳад ва ба эҷоди амният, сабот ва шукуфоии минтақа кӯмак кунад, таъкид карданд.

Ду тараф бар аҳаммияти гуфтугӯ перомуни роҳҳои густариши равобити дуҷониба ва фаъолсозии мувофиқатномаи ҳамкориҳои амниятӣ байни ду кишвар, ки дар таърихи 28 фарвардини 1380 (1422.01.22 мусодиф бо 2001.04.17) ва мувофиқатномаи умумии ҳамкорӣ дар заминаи иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, фанноварӣ, улум, фарҳанг, варзиш ва ҷавонон, ки дар таърихи 6 хурдоди 1377 (1419.02.02 мусодиф бо 1998.05.27) ба имзо расидааст, таъкид карданд.

Ду тараф тавофуқ карданд намояндагиҳои ду кишвар тайи замони мавриди тавофуқ, бозгушоӣ шавад ва иқдомоти лозимро барои кушоиши сафоратхонаҳои ду кишвар дар Риёзу Теҳрон ва сарконсулгариҳои ин ду кишвар дар Ҷидда ва Машҳад сурат диҳанд.

Ду тараф тавофуқ карданд ҳамоҳангиҳои лозимро байни ҳайатҳои фаннӣ барои баррасии роҳҳои густариши ҳамкорӣ байни ду кишвар аз ҷумла аз саргирии парвозҳо ва сафарҳои мутақобили ҳайатҳои расмӣ ва бахши хусусӣ, тасҳили эътои раводид барои шаҳрвандони ду кишвар аз ҷумла раводиди умра, идома диҳанд.

Ду тараф бо иноят ба бархӯрдорӣ аз манобеъи табиӣ ва тавонмандиҳои иқтисодӣ ва фурсатҳои фаровон, ки барои таҳаққуқи манофеъи муштараки ду миллати бародар вуҷуд доранд, дидорҳои машваратӣ ва гуфтугӯро дар бораи роҳҳои ҳамкорӣ барои таҳаққуқи ҳар чи бештари чашмандозҳои мусбат дар равобит афзоиш медиҳанд.

Ду тараф бар омодагии худ дар ростои аз байн бурдани ҳамаи мавонеъе, ки пеши рӯйи густариши ҳамкорӣ байни ду кишвар аст таъкид карданд.

Ду тараф тавофуқ карданд ҳамкории худро дар ҳар заминае, ки метавонад амният ва саботи минтақаро таъмин кунад ва манофеъи миллатҳо ва кишварҳои онро муҳаққақ кунад, густариш диҳанд.

Дар поёни нишаст ду тараф камоли ташаккур ва қадрдониро аз тарафи чинӣ ба хотири мизбонии ин нишаст иброз доштанд. Ҳамчунин ду тараф аз кишвари Суис (Швейтсария) ба хотири талошҳои ба амал омада барои ҳифозати манофеъи Арабистон ва Эрон ташаккур карданд.

Амир Файсал бен Фарҳон Оли Сауд, вазири умури хориҷаи Арабистони Саудӣ даъват аз Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон барои сафар ба Арабистони Саудӣ ва баргузории нишасти дуҷониба дар Риёзро таҷдид кард.

Ҳусайн Амирабдуллоҳиён аз ин даъват истиқбол ва аз амир Файсал бен Фарҳон Оли Сауд барои сафар ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ва баргузории нишасти дуҷониба дар Теҳрон даъват ба амал овард ва вазири умури хориҷаи Арабистони Саудӣ аз ин даъват истиқбол кард.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамлаи артиши “Исроил” ба навори Ғазза
Иллати вуҷуди мавҷудот

Матолиби пурбоздид