Маънои истиғфор
Маърифати исломӣ
Истиғфор дараҷаи баландрутбагон аст ва шаш маъно барои он аст:
Нахуст, пушаймонӣ бар он чи гузашт;
Ва дуввум, азм бар тарки бозгашт;
Ва севвум он ки: ҳуқуқи мардумро ба онон бипардозӣ, то Худоро пок дидор кунӣ ва худро аз гуноҳ тиҳӣ созӣ;
Ва чаҳорум ин ки: ҳаққи ҳар воҷиберо, ки зойеъ сохтаӣ (масалан, намоз ё рӯзаеро қазо карда бошӣ) адо созӣ;
Ва панҷум ин ки: гӯштеро, ки (дар баданат) аз ҳаром рӯидааст, бо андӯҳҳо об кунӣ чандон ки пӯст ба устухон часпад ва миёни он ду, гӯшти тоза рӯяд;
Ва шашум он ки: дарди тоатро ба тан бичашонӣ, чунон ки ширинии маъсиятро ба он чашондаӣ.
Он гоҳ “Астағфируллоҳ” гуфтан тавонӣ.”
(Наҳҷулбалоға, номаи 4/97)
Қаламонлайн