Маъно ва мафҳуми «тоҷик»
Маънии муфҳуми “ТОҶИК”дар мутуни таърихӣ
Устод Луқмон Бойматов
Дар тафсири маънии истилоҳи “тоҷик” набояд зиёдаравӣ кард. Шак нест, дар манобеи таърихии қабл аз ислом (портӣ, паҳлавӣ, арманӣ, бизонсӣ, суриёнӣ ва ғ. ) ва низ дар таърихномаҳо ва мутуни ғайриисломӣ (чунончӣ, дар осори хаттии суғдӣ), вожаи “тозик” ё “тоҷик” ба маънии “араб” ва “мусалмон” омадааст.
Ҳамвора дар манобеи таърихии исломии асрҳои 8-10 ва садаҳои баъд низ суғдиҳо, бохтариҳо, форсҳо, ва ақвоми дигари эронинажодро, ки ба ислом гаравида буданд, “тозик” ва ё “тоҷик” хонда шудаанд.
Аз ин пас, мафҳуми “тоҷик” ба тамомии эрониён итлоқ гардида, яъне ба маънии эрониёне, ки динашон ислом аст. Дар ҳудуди Эрони имрӯзин ҳам ин мафҳум ба маънии эронӣ корбурд дошта ва дорад.
Дар мутуни сайёҳон ва сафирони урупоии даврони муғулу темуриёну сафавиён, мафҳуми «тоҷик» бар хилофи араб, турку муғул ба маънии “эронӣ” истифода шудааст. Чунончӣ, Де Клавихо дар «Сафарнома»-и худ тоҷиконро аз мутамаддинтарин ақвоми Шарқ дида ва давлати нав таъсисдодаи Темурро ба номи «Имперотурии Самарқанд» зикр менамояд.
Ҷолибтарин назари Клавихо дар мавриди тоҷикони асри Темур ин аст, ки ӯ тоҷиконро ба унвони хатарноктарин нирӯ дар баробари Темур ва муғулон медонад…
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: