Маърифат ва огоҳии худро афзоиш диҳед
Ахбори фарҳангии Ҷаҳони Ислом
Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Маърифат ва огоҳии худро афзоиш диҳед”
“Ҳаракати илмӣ бояд шитоб бигирад”
Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон, субҳи имрӯз (душанбе) дар остонаи рӯзи 13 обон ва ҳамчунин “Рӯзи донишомӯз ва рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ”, бо ҳазорон тан аз донишомӯзон ва донишҷӯён ва ҷамъе аз хонаводаҳои шуҳадои ҷанги таҳмилии 12-рӯза дидор ва гуфтгӯ дошт ва дар суханоне дар ин дидор, ҷавононро ба маърифатафзоӣ ва иттилоъёбӣ аз масоили асосии сиёсии имрӯз, дирӯз ва фардои кишвар бо ташкили ҳалқаҳои маърифатӣ ва баррасии ҳаводиси талху ширин тавсия кард ва гуфт:
“Илм бояд дар кишвар пешрафт кунад. Чанд сол қабл, ҳаракат ва пешрафти илмии мо хеле хуб буд, аммо қадре уфт кардааст, ки масъулони донишгоҳҳо, муҳаққиқон ва донишҷӯён набояд бигузоранд суръати илмии кишвар уфт кунад.”
qalamonline.net
Қаламонлайн













