Мақоми исроилӣ: “Мо намедонем Ҳусиҳо чӣ ғофилгириҳои бештаре барои мо доранд!”

Мақоми исроилӣ: “Мо намедонем Ҳусиҳо чӣ ғофилгириҳои бештаре барои мо доранд!”

Ахбори байналмилал

Инбол Лефтун, мақоми исроилӣ, дар мусоҳиба бо як шабакаи арабӣ, бо ишора ба ҳамлаи ҳавоии яманиҳо ба Исроил дар замони ҷанги Ғазза, бо баёни ин ки мо намедонем Ҳусиҳо чӣ силоҳҳои ҷадиде дар ихтиёр доранд, ки то кунун надидаем, тасреҳ кард: “Мо намедонем чӣ ғофилгириҳои бештаре барои мо доранд”

Муҷрӣ ибтидо ба ин мақоми исроилӣ суол кард: “Акнун суол ин ҷост, ки чӣ тавр як гурӯҳ ё бахше аз як кишвар, ки дар шимоли Яман мустақар ҳастанд ва аз фақиртарин кишварҳои ҷаҳон маҳсуб мешаванд, чун дар рутбаи 151 аз миёни 177 иқтисоди дунё қарор доранд, дар ҳоле, ки Исроил дар рутбаи 25 он лист қарор дорад, чӣ гуна мумкин аст чунин кишваре, бо мушакҳои болистики мофавқи савт, ба ҳарми ҳавоӣ ва сомонаи падофандии Исроил нуфуз кунад ва тамоми сомонаҳои пешрафтаи дифоъии Исроил дар муқобила бо он оҷиз бошанд, он ҳам Исроиле, ки фақат будҷаи дифоъии он 25 миллиард доллар аст, яъне будҷаи дифоъии Исроил дар ҳолати сулҳ, ду баробари кулли будҷаи ҳукумати Ҳусиҳост!Чӣ гуна метавон инро тавзеҳ дод?”

Инбол Лефтун ҷавоб дод: “Ҳусиҳо дар заминаи силоҳ кӯмакҳои зиёде аз эрониҳо дарёфт кардаанд ва силоҳҳои зиёдеро дар тӯли ин солҳо анбошта карданд. Бояд бидонем, ки онҳо аз 2004 ба сабки зиндагии муқовимат одат доранд ва ҳадди ақал дар заминаи силоҳ, аз соли 2008 ё 2009 аз эрониҳо кӯмак гирифтаанд. Мӯътақидам, онҳо ба шиддат дар омӯзиш ва фарогирии размӣ маҳорат доранд ва бо афзоиши огоҳии мо дар ин ҷанг, метавонем таъйид кунем, ки силоҳҳо ва ҳатто равишҳои ҷангии онҳо пешрафтатар шуда, ҳатто ба ин шакл даромада, ки кунишу вокуниш дар пай дорад ва мо намедонем чӣ силоҳҳои ҷадиде дар ихтиёр доранд, ки то кунун надидаем. Яъне бархе раҳбаронашон ба ин маврид тасреҳ кардаанд, аммо мо намедонем чӣ ғофилгириҳои бештаре барои мо доранд.”

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Омили беэҳтиромӣ ба Қуръон дар Суэд кушта шуд
Шаҳодати ҷамъе аз фармондеҳони Ҳамос

Матолиби пурбоздид