Мақоми низомии яманӣ: То таваққуфи таҷовузоти Исроил, ба ҳамалоти мушакӣ ва паҳподӣ идома медиҳем
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман: “То таваққуфи таҷовузоти Исроил, ба ҳамалоти мушакӣ ва паҳподӣ ба “Исроил” идома медиҳем”
Ахбори байналмилал
Аlmasirahnews
Сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, (асри сешанбе, 31 октябр), аз анҷоми ҳамалоти низомии густурда алайҳи аҳдофи режими саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ дар ҳимоят аз мардуми Фаластин хабар дод.
Ба гузориши Алмасира, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман тасреҳ кард: “Мо теъдоди зиёде аз мушакҳои болистик ва “Круз” ва чандин паҳподро ба самти аҳдофи мухталифи исроилӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ партоб кардем.”
Вай афзуд: «Ин амалиёт, севвумин амалиётест, ки нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар ёрии мардуми Фаластин анҷом медиҳанд.»
Сартиб Яҳё Сареъ таъкид кард: “Нерӯҳои мусаллаҳи Яман ба анҷоми ҳамалоти бештар ба вежа мушакӣ ва паҳподӣ то таваққуфи таҷовузоти Исроил алайҳи навори Ғазза идома медиҳанд.”
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман изҳор дошт: “Мавзеи мардуми Яман дар қиболи масъалаи Фаластин собит ва усулӣ аст ва мардуми Фаластин дар дифоъ аз хеш ва дастёбӣ ба ҳуқуқашон, ҳаққи комил доранд.”
Вай дар поён изҳор дошт: “Идомаи иртикоби ҷиноят ва куштор аз сӯйи режими саҳюнистӣ алайҳи аҳолии навори Ғазза ва ҳамаи Фаластин мӯҷиби барҳам хӯрдани суботи минтақа ва густариши доираи ҷанг мешавад.”
Аlmasirahnews
Қаламонлайн