Минтақаи Сувайдо бакуллӣ аз контроли давлати Сурия хориҷ шуд

Минтақаи Сувайдо бакуллӣ аз контроли давлати Сурия хориҷ шуд

Ахбори байналмилал

Тавофуқи Исроил ва Сурия таҳти назорати Омрико

Сувайдо амалан аз контроли давлати Ҷулонӣ хориҷ шуд

Тавофуқе бо миёнҷигарии Омрико миёни Исроил ва давлати Ҷулонӣ, мунҷар ба хуруҷи Сувайдо аз сайтараи Димишқ ва халъи силоҳи Даръо ва Қуайтара шудааст.

Ба гузориши рӯзномаи исроилии Israel HaYom ба нақл аз Дидабони ҳуқуқи башари Сурия, бар асоси тавофуқе миёни Исроил ва давлати Ҷулонӣ, ки бо миёнҷигарии Омрико ҳосил шуда, вуруди ҳар гуна ниҳод ё созмони вобаста ба давлати марказии Сурия ба устони Сувайдо мамнӯъ эълом шудааст.

Тибқи муфоди ин тавофуқ, парвандаи идораи манотиқи ҷанубии Сурия, бавежа устони Сувайдо, мустақиман таҳти назорати Омрико қарор мегирад ва Вошингтун ӯҳдадор шудааст, раванди иҷрои комили ин тавофуқро пайгирӣ кунад.

Дар чорчӯби ин тавофуқ, нерӯҳои ашоирӣ ва ягонҳои амнияти умумӣ, муваззаф ба ақибнишинӣ ба хориҷ аз рустоҳои дурзинишин шудаанд. Масъулияти поксозии ин манотиқ аз ҳузури ин нерӯҳо низ ба гурӯҳҳои дурзии маҳаллӣ вогузор шудааст, то итминон ҳосил шавад, ки ҳеч нерӯе аз ашоир ё вобаста ба давлати Ҷулонӣ (Сурия) дар ин манотиқ боқӣ намондааст.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фаронса кишвари Фаластинро ба расмият хоҳад шинохт
Номаи Оятуллоҳ Нурии Ҳамадонӣ ба Поп, ҷиҳати пешгирӣ аз ҷиноёти саҳюнистҳо

Матолиби пурбоздид