Муаррифии китоб: Нигористон

Адаб
Муаррифии китоб: Нигористон
Асри XIV аз давраҳои пурбори адабиёти форсу тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар ин давра насри ахлоқӣ хеле рушд кард ва осоре чун “Хористон”-и Маҷди Хофӣ, “Ахлоқ-ул-ашроф”-и Убайди Зоконӣ, “Тӯтинома”-и Зиёуддини Нахшабӣ, “Захират-ул-мулук”-и Мирсаид Алии Ҳамадонӣ ва ғ. ба қалам омадаанд.
Дар ин давра орифи номвар – Муинуддини Ҷувайнӣ асареро бо номи “Нигористон” таълиф намуд, ки дар садри тамоми осори насри ахлоқии асри XIV қарор дорад.
“Нигористон” яке аз аввалин таълифотест, ки дар пайравии “Гулистон”-и Шайх Саъдӣ навишта шудааст.
Китоб баробари ҳовии муҳимтарин матолиби ахлоқӣ-тарбиявӣ будан, фарогири ҳикоёти дилписанд, ашъори латифи шуарои гуногундавр ва зубдаи панду андарзҳои бузургони Шарқ мебошад.
Китоби мазкур соли 735/1333 иншо шуда аз дебоча ва ҳафт боб иборат мебошад.
Дар асар наздик ба 400 ҳикоят, 88 фоида, 81 ҳикмат, 30 ҳадис, 14 латифа ва дар маҷмӯъ наздик ба 800 гуфтору нақл ҷамъ омадааст.
Асар аз ҷониби кормандони МД “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” омода гардида соли 2017 чоп шудааст…
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва давлати Эрон ба муносибати Наврӯз
Замин такон хӯрд, қалбҳои мо чӣ?

Матолиби пурбоздид