Муваффақият ва нокомӣ
Ҷумалоти ҳикматомез
* Бегуноҳи воқеӣ касе аст, ки илова бар он ки бегуноҳ аст, дигаронро низ бегуноҳ медонад.
* Дар пушти сари ҳар инсони муваффақ, солиёни бисёре аз нокомӣ наҳуфтааст.
* Агар бо он чӣ доред ва бо ҳамин шароит – ҳамин ҳоло — натавонед хушҳол бошед, вақте бештар ҳам дошта бошед хушҳол нахоҳед шуд.
* Дар масири бозгашт ба хештани хеш, аввалин истгоҳ садоқат аст.
* Баъзе вақтҳо ғарибаҳо ҳомили паёмҳои илоҳӣ ҳастанд, пас ба ҳамаи ҳарфҳои хуб гӯш кун.
* Қудрат дар тағйир аст.
* Дар зиндагии мо ҳеч кас ба андозаи худамон ба мо хиёнат намекунад.
* Барои шод зистан бояд битавонӣ баъзе мавоқеъ бигӯӣ «НА».
* Вазифаи шумо ин аст, ки дарёбед чӣ кор бояд бикунед ва баъд бо тамоми вуҷуд онро анҷом диҳед.
* Танҳо як роҳ барои вуруд ба биҳишт вуҷуд дорад, ки дар замин онро ИШҚ меномем.
Баргузида аз китоби “Лутфан, гӯсфанд набошед!”
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: