Мудоро бо мардум
Ахлоқи инсонсози Расули Худо(с)
Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст
Бо дӯстон мурувват бо душманон мудоро…
Марде аъробӣ (араби бодиянишин) вориди Мадина шуд ва яксара ба масҷид омад, то аз Паёмбар (с) кӯмаки молӣ бигирад. Ҳангоме ки ворид шуд, Паёмбар (с) дар миёни асҳобашон нишаста буданд. Ӯ ҳоҷаташро баён кард ва Паёмбар (с) ҳам чизе ба ӯ доданд, вале он мард қонеъ нашуд ва онро кам шумурд. Ва илова бар он, ба Паёмбари Худо (с) беадабӣ кард. Асҳоб ва ёрон сахт хашмгин шуданд ва чизе намонда буд, ки ба ӯ озор бирасонанд. Аммо Паёмбари Худо (с) монеъ шуданд. Расули Худо (с) сипас ин марди бодиянишинро ба хонаи худ бурданд ва миқдоре дигар ба ӯ кӯмак карданд. Он мард изҳори ризоят ва ташаккур кард.
Ҳазрат фармуданд: ту дирӯз сухани баде бар забон рондӣ, ки сабаби хашми ёрони ман шуд ва ман метарсам онон ба ту газанде бирасонанд. Оё мумкин аст ҳамин ташаккури имрӯзро дар ҳузури онон ҳам анҷом диҳӣ, то хашми онҳо нисбат ба ту аз байн биравад?
Ӯ қабул кард ва ин кор дар миёни мардум ба хубӣ анҷом шуд.
Сипас Паёмбар (с) ба ёронашон фармуданд: агар дирӯз ман шуморо озод гузошта будам, ҳатман ин бечора дар ҳоли куфр ва бутпарастӣ ба дасти шумо кушта шуда буд, вале ман худам бо нармӣ ва мулойимат ӯро ором ва ҳидоят кардам.
(Ба нақл аз китоби Достони Ростони шаҳид Мутаҳҳарӣ)
Қаламонлайн