Мулоқоти мақомоти фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон

Фарҳанг

Мулоқоти мақомоти фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон

Шоми муштараки фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон

Имрӯз дар доираи баргузории “Шоми муштараки фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон” дар шаҳри Теҳрон мулоқоти муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф бо муовини якуми вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Эрон доктор Доробӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар робита ба ҳамкории мутақобилаи судманди ду кишвари дӯст ибрози назар намуда, ҷиҳати таҳким бахшидани бештари ҳамкориҳо дар бахши фарҳанг пешниҳодҳои муфид ироа карданд.

Ҳамзамон, дар мулоқот ба нақши муҳим ва иқдомоти амалии роҳбарони олии ҳар ду кишвар дар рушд ва густариши робитаҳои ҳасанаи дуҷониба таъкид карда шуд.

© Маркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Уммати дар ҳоли сакарот, ё ҷасади беирода?
Саргузашти забони порсӣ дар Ҳинд

Матолиби пурбоздид