Мулоқоти президенти Тоҷикистон бо доираҳои соҳибкорони Чин

Мулоқоти президенти Тоҷикистон бо доираҳои соҳибкорони Чин

Ахбори байналмилал

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи сафари худ ба Чин, бо намояндагони ширкатҳои муътабари сармоягузорӣ ва тиҷории ин кишвар дидор кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Шиани Чин бо намояндагони беш аз 40 ширкати муътабари сармоягузориву тиҷории ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.

Бинобар суханони раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишасти имрӯз ба тавсеаи дӯстӣ ва ҳамкории байни давлатҳову мардуми ду кишвар ангезаи ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Эмомалӣ Раҳмон дар идома афзуд, ҳамкориҳои босамар байни Тоҷикистон ва Чин дар соли гузаштаи мелодӣ имкони афзоиши 40 дарсадии ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаро фароҳам кард.

Ӯ афзуд, дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 100 ширкат бо мушорикати сармоягузорони чинӣ дар заминаҳои мухталифи иқтисодӣ фаъолият мекунанд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дод, ба таври куллӣ тайи 10 соли гузашта сармоягузорони чинӣ 2,6 миллиард доллар дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кардаанд, ки беш аз 57 дарсади он бо сармоягузориҳои мустақим муртабит аст.

Дар поёни ин дидор раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҳофили тиҷории Чин барои анҷоми сафар ба кишвар даъват ба амал оварду гуфт, ки давлати Тоҷикистон омодаи баррасӣ ва ҳимояти пешниҳодоти сармоягузорони чинӣ дар заминаи барқарории ҳамкории мутақобили судманд дар ҳавзаҳои фавқуззикр мебошад.

Шоёни зикр аст, ки имрӯза беш аз 170 пружаи сармоягузорӣ ба арзиши беш аз 8 миллиард доллар дар Тоҷикистон дар ҳоли иҷро қарор доранд.

Қонуни феълии Тоҷикистон беш аз 240 навъ замонату имтиёз, аз ҷумла беш аз 100 тарҷеҳоти андозӣ ва гумрукӣ ва сабукиҳоро барои сармоягузорон пешбинӣ кардааст.

 Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Парвозҳои Тоҷикистон-Эрон; чаҳор парвоз дар ҳафта
Қоҳир Расулзода бо намояндагони Иттиҳодияи Аврупо мулоқот намуд

Матолиби пурбоздид