Мулоқоти расмии Раҳмон ва Мишустин
Ахбори минтақа
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазир ва раиси ҳукумати Русия Михаил Мишустин дидор ва гуфтугӯ кард.
Тавре ки Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар медиҳад, дар оғози мулоқот Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти идомаи муколамаи пайвастаи сатҳи олӣ ва баланди байнидавлатиро таъкид намуд.
Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҳарду тараф, доираи васеи масъалаҳои шарокати стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар бораи имконоти бузурги ҳарду кишвар ҷиҳати афзоиши тиҷорати мутақобил ва якҷоя амалӣ намудани лоиҳаҳои бузурги сармоягузории барои ҷонибҳо судманд, андешаронӣ сурат гирифт.
Ҳамзамон ба густариши минбаъдаи робитаҳои амалӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
Дар рафти суҳбат ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами барномаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн