Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Думаи Русия

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Думаи Русия

Ахбори минтақа

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон бо Вячеслав Володин, раиси Думаи Русия мулоқот намуд.

Ин мулоқот дар ҳошияи нишасти навбатии Маҷмаи порлумонии Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ, дар Маскав, имрӯз 5-декабр баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқоти мазкур, мавзӯоти муҳимме аз ҷумла, вазъияти кунунӣ ва чашмандози равобит миёни Тоҷикистон ва Русия ва равобити байнипорлумонии ду кишвар мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин дидор, ду тараф, ибрози ризоят карданд, ки дидорҳои сарони ду кишвар ба раванди рушди муназзами ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия ва ҳамчунин тақвияти мабонии ҳуқуқии равобити дуҷониба кумак хоҳад намуд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сурудаи Саъдӣ
Роҳи ҳалли бӯҳрони Афғонистон – интихоботи солим

Матолиби пурбоздид