Муноҷоти Имом Зайнулобидин

Муҳоҷират

Муноҷоти Имом Зайнулобидин

Муноҷоти орифон

Муноҷоти Имом Зайнулобидин Алӣ ибни Ҳусайн бо Худо. (Муноҷоти маъруф ба “Муноҷоти орифон”)

Худовандо! Моро аз ононе қарор деҳ, ки:

– дарахтҳои иштиёқ дар боғҳои синаҳояшон реша давонда ва шӯълаҳои ишқи ту оташ ба дилҳояшон зада ва роиҳаи ҷамоли ту парандаи афкорашонро авҷи тоза бахшида;

– онон, ки дар мазореъи қурби ту, ба чарогоҳи мукошафа омадаанд ва аз чашмаи ишқи ту бо ҷомҳои лутфи ту менӯшанд;

– онон, ки дар ҷивори хонаи ту маскан гузиданд ва оби ҳаёт аз борони меҳри ту менӯшанд ва либос аз насими лутфи ту мепӯшанд;

– он парвонаҳо, ки ҳамвора гирди ту мегарданд ва воми зиндагӣ аз оташи ишқи ту мегиранд;

– онон, ки дар буландои қуллаи мулотифати ту танаффус мекунанд…

Худоё!

Чӣ лаззатбахш аст гузари насими ёди ту бар дилҳо ва чӣ зебост парвози парандаи хотири ту бар қалбҳо ва чӣ ширин аст паймудани андеша дар ҷодаи ғайбҳо ба сӯи ту!

Чӣ руҳ мебахшад гом задан дар масири ирфони ту ва чӣ ҷон медиҳад имон ба ғайби ту!

Худои ман! Маҳбуби ман! Чӣ хуш аст таъми ишқи ту!

Чӣ шавқофарин аст нигоҳи ошиқонаи ту!

Чӣ такондиҳанда аст таваҷҷӯҳи меҳромези ту!

Чӣ ширин аст зиндагӣ дар канори ту ва дар зери сояи лутфи ту!

Чӣ лаззатбахш аст гармои дасти навозиши ту!

Худои ман!

Чӣ оромиши ҳаяҷонангезе мебахшад нигаристан ба чашмҳои ту!..

Маҳбубам!

На танҳо аз хеш марон, ки дар канорам гир ва доманатро паноҳи ҷовидонаи ман соз!

Маро аз наздиктарин орифон ва шоистатарин бандагон ва ростгӯтарин мутеъон ва холистарин ибодаткунандагон ва мухлистарин рӯй ба ту оварандагон қарор деҳ!

Эй Халлоқи бузургиҳо ва эй офаринандаи азаматҳо! Ва эй дар вуҷудоварандаи рутбаҳои баланд!

Эй азим! Эй ҷалил! Эй бахшандаи карам ва эй каромати маҳз!

Эй дастгиранда ва ба мақсадрасонанда!

Туро савганд ба раҳмату неъмати бемунтаҳоят, ки иҷобат кун!

Эй меҳрубонтарини бахшандагон!…

(Саҳифаи Саҷҷодия)

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ситораи синамои амрикоӣ: Исроилиҳо ба зудӣ нобуд хоҳанд шуд
Таъсири ҳолоти руҳӣ ва равонӣ дар андеша

Матолиби пурбоздид