Муовини Тромп: “Англис, аввалин кишвари исломии дорои силоҳи атомӣ аст”
Ахбори байналмилал
Guardian
Муовини ҷадиди Дунолд Тромп дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ, имрӯз (сешанбе) дар суханоне, Англисро аввалин кишвари исломии дорои силоҳи атомӣ муаррифӣ кард.
Ба гузориши Guardian, Дунолд Тромп, номзади риёсати ҷумҳурии Омрико, Ҷей Ди Вэнсро ба унвони муовини худ дар давлати эҳтимолии оянда муаррифӣ кард.
Вэнс дар суханронии худ, бо ишора ба густариши силоҳҳои атомӣ дар ҷаҳон гуфт:
“Ман ахиран доштам бо дӯстам дар бораи яке аз хатароти бузурги ҷаҳон сӯҳбат мекардам, ки масъалаи густариши силоҳҳои атомӣ аст, ки давлати Бойден аҳаммияте ба он намедиҳад.”
Вай ҳамчунин бо ишора ба Ҳизби коргари Англис – ки ахиран пирӯзи интихобот дар Англис гардид – гуфт:
“Ман доштам роҷеъ ба аввалин кишвари исломии воқеӣ, ки силоҳи атомӣ хоҳад дошт суҳбат мекардам… Мо бо худ гуфтем, ки шояд Эрон бошад, шояд Покистон маҳсуб шавад ва дар ниҳоят ба ин натиҷа расидем, ки дар воқеъ Англистон аст, чаро ки Ҳизби коргар дар он ба қудрат расидааст.”
Guardian
Қаламонлайн