Саъй кунед, мусалмонии шумо мисли коммунист будани коммунистҳои даврони СССР набошад
Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ
Пеш аз тарҳи асли матлаб дар ин ёддошт, шоиста аст андаке дар бораи “коммунистҳо”-и даврони Шӯравӣ бароятон бигӯям.
Тавзеҳ ин ки: дар замони СССР, касоне, ки коммунист мешуданд, аксари онҳо коммунисти воқеӣ набуданд, балки ё ба далели ин буд, ки фикру андешаи расмӣ дар СССР аз ҷумла Тоҷикистони худамон, коммунизм буд ва ё ба ин хотир, ки касе, ки коммунист бошад, нонаш ба истилоҳ, равғанӣ буд.
Зеро агар онҳо воқеан ба андешаҳои ин мактаб бовар доштанд, ҳаргиз СССР – сохтор ва низоме, ки бар асоси идеологияи марксизм бунён ниҳода шудааст – якшаба фурӯ намерехт. Алъон ҷояш нест, вагарна бароятон баён мекардам, ки андешаҳои Маркс дар боби иқтисод бепояву асос ҳам нестанд, хеле аз андешаҳои ӯ мантиқӣ аст. Манзурам, андешаҳои ӯ дар заминаи иқтисод ва нақдҳои вай роҷеъ ба сармоядорӣ аст, на андешаҳои фалсафии ӯ, ки атеистӣ аст, ки феълан аз баҳси мо хориҷ аст ва онҳо бепоя ва асосанд.
Ҳоло асли матлаб: аз баҳсу гуфтугӯҳои бисёре аз азизон дар яке ду-рӯзи ахир дар бораи ислом ва ин ки ман ҳаққаму ту ботилӣ ва ин ки одам набояд ба ойини аҷдодаш пушт кунад ва ин ки фалонӣ мазҳабфурӯш асту ғайра, аз ин ҳарфҳо равшан мешавад, ки мусалмонии бисёре аз моҳо низ, бо камоли таъассуф, бо “коммунист” будани “коммунистҳо”-и даврони СССР фарқ надоштааст.
Вагарна, мусалмони воқеӣ ва касе, ки ба дурустии ислом бовар дорад, ҳаргиз ва абадан ингуна нигарониҳое, ки мову шумо дорем иброз медорем, иброз намедошт. Ҳаргиз аз интиқод ва ишколу эродҳо нигарон намешуд. Ҳаргиз аз ин ки касе билфарз аз яке аз ба истилоҳ бузургони ислом эрод гирад ва ба ӯ айб гирад, оташин намешуд.
Агар дину мактаби мову шумо бар пояҳои мантиқ ва ақл устувор бошад ва агар оро ва назарот ва ақоиди он мутобиқ бо воқеъ бошанд, агар он чи аз афкор, ки дар Қуръони Карим ва суннати саҳеҳа таҷассум ёфтаанд, ҳақ ва рост ва муҳкам бошанд – ки ҳастанд – дар ин сурат, чаро нигарон мешавед?! Ин рафторҳои шумо дуруст шабеҳи рафторҳои коммунистҳои даврони Шӯравӣ аст, ки агар коммунист буданд, фақат ба ин далел буд, ки фазои ҳоким ба дасти коммунистҳо буд; фақат ба ин далел буд, ки нонашон равғанӣ буд; фақат ба ин хотир буд, ки нигарон буданд агар коммунизм фурӯ бипошад, аз нонашон маҳрум мешаванд.
Бинобар ин, саъй кунед, исломатон ва мусалмонии шумо ба гунае бошад, ки агар фарз кардем тамоми ҷаҳониён як тараф ва шумо таку танҳо дар як тараф истодаед, аз он ҷо, ки ақоиди шумо дуруст аст ва мисли 2 зарби 2, 4 мебошад, аз ин рӯ шумо набояд нигарон бошед.
Аммо агар исломатон ба ин хотир аст, ки чун имрӯз ҷавв ва фазои ҳоким тибқи майли шумост ва шумо ҳам ба ҳамон сӯ равонед, ки ҷомеа меронадатон, дар ин сурат бидонед, ин дин ва ин ойин ва ин ақидаатон ба дарди амаатон ҳам намехӯрад. Ин динатон дуруст дини касонеро монад, ки вақте диданд, фикр ва ақидае пирӯз шуд, беихтиёр ба дунболи он рафтанд, чунонки Қуръон дар бораи анбӯҳе аз мусалмононе гӯяд, ки то фатҳи Макка мушрик буданд, вале пас аз фатҳ изҳори ислом карданд ва ба он гаравиданд:
إِذَا جَاءَ نَصْرُ اللَّهِ وَالْفَتْحُ. وَرَأَيْتَ النَّاسَ يَدْخُلُونَ فِي دِينِ اللَّهِ أَفْوَاجًا
“Ҳангоме, ки ёрии Худо ва (он) пирӯзӣ фаро расад ва мардумро бибинӣ, ки гурӯҳ-гурӯҳ дар дини Худо дароянд…” (Наср/1-2)
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн