Мусоҳибаи як хабарнигор

Мусоҳибаи як хабарнигор

Мактаби инсоният

Дар яке аз мусоҳибаҳо, хабарнигоре аз Федерико Феллини, коргардон ва филмсози барҷастаи итолиёӣ пурсид:

Шумо ки дар даврони ҳукумати Муссолини зистаед ва филм сохтаед, метавоед таърифи ҷомеъ аз фошизм ироа диҳед? Фошизм чӣ навъ идеоложӣ аст?

Феллини гуфт: Фошизм идеоложӣ нест.

Хабарнигор бо тааҷҷуб пурсид: Пас, фошизм чист?

Феллини гуфт: Фошизм як текник аст. Ҳар гоҳ ин текникро бар ҳар идеоложие савор кунед, он идеоложӣ ба фошизм табдил мешавад.

Хабарнигор пурсид: Ин текник чист?

Феллини чунин посух дод: Ин текник он аст, ки фард ё созмоне, – чӣ мазҳабӣ бошад, чӣ сиёсӣ, чӣ ҳукуматӣ бошад ё мардумӣ – бо такя ба зӯр, ҷабр ва қувваи қаҳрия, бигӯяд6 Ҳақ бо ман аст!

Ба баёни дигар, ҳар низоме, ки бо иҷбор ва қудрати саркӯбгарона, иддаои ҳақиқати мутлақ кунад ва мардумро водор ба пазириши он кунад, фашистӣ аст: гузашта аз ин ки дар чӣ қолаб ва либосе зоҳир шавад.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамнишинии хирадманд
Поёни режими Исроил

Матолиби пурбоздид