Муҳаббат аст оинам

Адаб

Муҳаббат аст оинам

Зи рафоқати камондорон, ба дили рамида ғамгинам,
Ба камон чӣ гуна хӯ гирам, ба камин чӣ гуна биншинам.
Ба камаршикастагон ҳаргиз набувад маро забардастӣ,
Ки адолат аст талқинам, ки муҳаббат аст ойинам.
Худ агарчи гушна мемирад таги осмони безинҳор,
Зи кабӯтарону гунҷишкон накунад шикор шоҳинам.
Ба дилам чӣ мезанӣ дашна, ту ҳаме ба хуни ман ташна,
Ки даво нагашта то имрӯз асароти захми поринам.
Ба забони мардуми поён ҳама пурсише дурусту рост,
Ба забони мардуми боло ҳама посухе дурӯғинам.
Агар аз тариқи қаҷгардӣ шуда ҳамнишини шаҳ фарзин,
Набувад ҳавои шоҳонам, набувад хисоли фарзинам.
Саярони боди наврӯзӣ зи чаман наоварад бӯе,
Ба баҳор ғунча хас гардад, чӣ кунам ба табъи гулчинам.
Дили содаро диҳам таскин ба ҷаҳон агарчи медонам,
Бирасад замони рангинам, наравад ғамони деринам.

Аскар Ҳаким

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҷавоби ин суолҳо чист?
Рози муваффақият

Матолиби пурбоздид