Муҳити шод барои тарбияти фарзандони шод
Сабки зиндагӣ
Падару модарҳо барои фарзандони дилбандашон шодиву сурур ва шодмонию хушбахтиро мехоҳанд.
Тамоми инсонҳо ва бахусус, кӯдакон нохудогоҳ таҳти таъсири муҳити худ қарор мегиранд.
Мумкин аст ҳамаи талошҳои шумо дар ҷиҳати шод нигаҳ доштани кӯдакон, ба замон ва тавоноиҳоятон маҳдуд бошад.
Аммо муҳити зиндагӣ ҳамеша ҷараён дорад ва бар рафторҳои шумо таъсиргузор аст.
Пас беҳтар аст, ки муҳити шод ва дур аз таниш ва изтиробро дар хонавода эҷод намоед то фарзандони шодеро тарбият намоед.
Яке аз масоили шодиофарин барои ҳар кӯдаке, бозӣ аст.
Аҳамияти бозии кӯдакон қобили муқоиса бо чизи дигаре нест. Бозӣ ба хубӣ шодиро дар кӯдак афзоиш медиҳад.
Вақт гузоштан барои кӯдак, қудратмандтарин абзори афзоиши шодӣ дар онҳост.
Дар воқеъ кӯдакон ҳангоми бозӣ кардан, ба навъе оромиши зеҳнӣ ва руҳӣ мерасанд. Ба ҳадде ки аз лаҳзаи ҳоли худ ба сурати тамому камол лаззат бурда ва ба чизи дигаре фикр намекунанд.
Бозӣ кардан ҳамчунин барои рушд ва ёдгирии кӯдакон лозим ва зарурист.
Кӯдакони худро ба бозиҳои бидуни сохтор ва қонун ташвиқ кунед. Бозиҳои бидуни сохтор (ва қонуни хос) яъне бозиҳое, ки тавассути худи кӯдак ҳидоят мешавад ва дастуруламал ва қонуне барои он вуҷуд надорад.
Бо вуҷуди машғалаҳои зиёд, ҳар рӯз замонеро ба бозӣ бо кӯдаки худ ихтисос диҳед. Бозӣ кардан боиси афзоиши шодӣ дар волидайн низ мешавад. Илова бар ин бозӣ, барои беҳбуди рафторҳо ва рушди эҳсосот дар кӯдакон ҳам муфид аст.
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: