Муҷодила бо табиат

Муҷодила бо табиат

Тунели замон

Дар соли 1958, ҳукумати Чин роҳи ҳалли бисёр аҷибе барои пешгирӣ аз қаҳтӣ ибдоъ кард. Онҳо ҳисоб карда буданд, ки ҳар гунҷишк дар тӯли як сол, ҳудуди 4,5 килограм ғалла мехӯрад. Ба ин тартиб, бо куштани гунҷишкҳо, метавон дар ҳар сол миллионҳо тонна гандум ва биринҷи изофӣ пасандоз кард!

Давлат барномаи аз байн бурдани чаҳор офатро ба роҳ андохт. Бар асоси ин барнома, пашаҳо, магасҳо, мушҳо ва гунҷишкҳо бояд аз байн бурда мешуданд.

Ҳосили он, рушди фазояндаи офатҳо ва ҳашарот шуд. Ҳашароте ки тавассути парандагон кушта мешуданд ва аз байн мерафтанд, ҳоло бидуни ҳеч душмане чунон бар сари мазрааҳо ва киштзорҳо ҳамла оварданд, ки қаҳтии бузурге дар Чин пеш омад!

Қаҳтие, ки дар он 40 миллион чинӣ аз дунё рафтанд…

Табқи гузориши Гордиан, ба таври кулӣ дар ин муддат, ҷасади як миллиард гунҷишк ва яку ним миллион муш аз сатҳи кишвар ҷамъоварӣ шуд.

Натиҷаи муҷодила бо табиат ва дастгоҳи хилқат, ин шуд, ки давлати Чин баъд аз ин қазия, 200 ҳазор гунҷишк аз Русия ворид намуд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Қудрати шойеа
Пешрафти фарҳангу тамаддун – пешрафт дар ҳамаи ҷиҳатҳост!

Матолиби пурбоздид