Мӯъмин бад намекунад
Имом Ҳусейн(а) фармудуданд:
“Парвардигоро, касе, ки туро наёфт, чӣ ёфт ва касе, ки туро ёфт, чӣ аз даст дод?”
Инчунин фармудаанд: “Ҳар кас ҳаққи маъбудияти Худоро ба ҷо овард, Худованд беш аз ҳадди интизор ва кифояташ ба ӯ ато мекунад”.
Фармудаанд: “Ҳар кас бихоҳад аз роҳи гуноҳ ба мақсаде расад, дертар ба орзу расад ва зудтар ба хатар афтад”.
Имом Ҳусейн(а) дар мавриди салом додан фармудаанд: “Бахил касест, ки аз салом бухл кунад”.
Инчунин фармудаанд: “Аз коре, ки бояд аз он пузишу маъзаратхоҳӣ кунӣ, ҳазар кун, ки мӯъмин на бад кунад ва на узр хоҳад ва мунофиқ ҳар рӯз бад кунад ва маъзарат биталабад”.
Қаламонлайн