Набарди иттилоотӣ ва ҷосусӣ

Набарди иттилоотӣ ва ҷосусӣ

Байналмилал

The Washington institute

“Ҷосус дар баробари ҷосус: роҳкори Эрон барои ҷосусӣ дар Исроил”

Гузорише дар Андешкадаи Вошингтун (The Washington institute) дар бораи бартарии Эрон дар набарди иттилоотӣ бо Исроил

Дар гузорише, ки андешкадаи омрикоии “Вошингтун барои сиёсати Ховари Наздик” мунташир кардааст, ба афзоиши талошҳои Эрон дар ҷазби ҷосусони исроилӣ ишора шудааст. Ин гузориш нишон медиҳад, ки чӣ гуна Эрон ба таври фазояндае дар ин набарди иттилоотӣ ба бартарӣ даст ёфтааст.

Дар ин гузориш омадааст: ҷанги дар соя, ба маҷмӯае аз амалиётҳои ғайримустақим ва пинҳонӣ гуфта мешавад, ки дар он, кишварҳо аз абзорҳои иттилоотӣ ва ҷосусӣ барои нуфуз ба якдигар истифода мекунанд. Ин навъ ҷанг маъмулан шомили амалиёти харобкорӣ, ҳамалоти сойберӣ (кибернетикӣ) ва ҷазби ҷосусон мешавад. Дар сурати баррасии дақиқтари ин мафҳум, метавон мушоҳида кард, ки Эрон ва Исроил ба таври хосс дар ин замина, ба таври мудовим дар ҳоли рақобат ҳастанд.

Дар ҷанги дар соя, иттилоот ба унвони яке аз муҳимтарин абзорҳо барои дастёбӣ ба аҳдофи сиёсӣ ва низомӣ талаққӣ мешавад. Дар ин ҷанг, ҳар ду тараф ба дунболи ҷамъоварии иттилоот ва нуфуз ба сохторҳои низомӣ ва амниятии якдигар ҳастанд.

Эрон дар солҳои ахир рӯйкарде таҳоҷумӣ дар ҷазби нерӯ барои анҷоми амалиёти ҷосусӣ алайҳи Исроил дар пеш гирифтааст. Ин мавзӯъ мӯҷиби нигаронии ҷиддии Созмони амнияти дохилии Исроил (Шобок) шудааст. Шобок бо ҳамкории Идораи миллии диплумосии умумии Исроил, корзоре расонаӣ ба роҳ андохта, то ба исроилиҳо нисбат ба ин мавзӯъ ҳушдор диҳад.

Ба таври хосс, ин корзори расонаӣ шомили интишори иттилооте дар бораи равишҳои ҷазб ва истихдоми афрод барои ҳамкорӣ бо Эрон аст. Шобок талош мекунад, то бо афзоиши огоҳии умумӣ, аз ҷазби афрод ба ин шабакаҳои ҷосусӣ ҷилавгирӣ кунад. Дар ин росто, Шобок ба таври мудовим бар рӯйи нишонаҳои ҳушдордиҳандае, ки метавонад ба ҷазби ҷосусон мунҷар шавад, назорат мекунад.

Талошҳои Эрон барои ҷазби шаҳрвандони исроилӣ ва ғайриисроилӣ аз аввалҳои соли 2020 афзоиши қобили таваҷҷӯҳе доштааст. Мақомоти исроилӣ ин афзоиши талошҳоро “бесобиқа” тавсиф кардаанд. Ин мавзӯъ нишондиҳандаи ин аст, ки Эрон тавонистааст дар муддати замони кӯтоҳе, ба як барномаи ҷосусии ҷомеъ ва пешрафта даст ёбад.

Ба унвони мисол, иттилооти ба даст омада аз созмонҳои иттилоотии Исроил нишон медиҳад, ки Эрон аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет ба унвони абзоре барои ҷазби ҷосусон истифода мекунад.

Ин раванд бавежа дар даврони шуюъи вируси “Корона” зиёд шудааст, зеро бисёре аз афрод дар хонаҳои худ буда ва замони бештаре барои мурури шабакаҳои иҷтимоӣ доштаанд. Эрон бо истифода аз ин шароит, тавонистааст ба роҳатӣ ба ҷазби афрод бипардозад.

Рӯзномаи саҳюнистии Ҳооретс дар гузорише, ба баррасии амалиётҳои ҷосусии Эрон алайҳи Исроил пардохта ва ба таъсироти ин амалиётҳо бар амнияти миллии Исроил ишора кардааст. Ин расона бо ишора ба заъфҳои иттилоотии Исроил дар баробари Эрон, ба тағйироти вежа дар рӯйкарди Эрон дар заминаи набарди иттилоотӣ бо Исроил таъкид кардааст.

Ҳооретс дар гузорише ба нақл аз мақомоти иттилоотии Исроил навишт: “Эрон ба таври доим дар ҳоли беҳбуди равишҳои худ барои ҷазби ҷосусон аст ва мо бояд роҳкорҳои ҷадидеро барои муқобила бо ин таҳдидот эҷод кунем.”

Эрон барои ҷазби ҷосусон, аз равишҳои мутанаввеъе истифода мекунад, ки шомили эҷоди иртибот аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва ироаи пул аст. Ин равишҳо ба Эрон ин имконро медиҳад, ки ба роҳатӣ ба ҳадафи худ даст ёбад ва ба таври муассир афродро барои ҳамкорӣ бо худ тарғиб кунад.

Ба таври хосс, Эрон бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ, тавонист ба роҳатӣ бо афрод дар тамос шавад ва аз ин тариқ ба ҷамъоварии иттилоот бипардозад.

Нуктаи қобили таваҷҷӯҳ ин ҷост, ки ҷанги иттилоотӣ миёни Эрон ва Исроил таъсироти зиёде бар амнияти миллии Исроил дорад. Бо афзоиши нуфузи Эрон дар ин ҳавза, Исроил мумкин аст бо чолишҳои амниятии ҷиддитаре мувоҷиҳ шавад. Ин чолишҳо метавонанд шомили афзоиши ҳамалоти сойберӣ, харобкорӣ дар таъсисоти ҳассос ва ҳатто терури мақомоти аршади Исроил бошанд.

Эрон аз тариқи эҷоди шабакаҳои ҷосусӣ ва истифода аз равишҳои навин, тавонист ба роҳатӣ ба иттилооти ҳассоси Исроил даст ёбад. Ин мавзӯъ таҳдиде ҷиддӣ барои амнияти миллии Исроил ба ҳисоб меояд ва мақомоти исроилиро ногузир аз иттихози тадобири ҷадид барои муқобила бо ин таҳдидот мекунад.

Таҳлилгарон бар ин боваранд, ки Эрон дар ҳоли ҳозир, ба далели истифода аз фанновариҳои навин ва равишҳои ҷазби муассир, ба бартарии иттилоотӣ дар баробари Исроил даст ёфтааст. Бар ҳамин асос Исроил дар ҳавзаи иттилоотӣ дар баробари Эрон бо чолишҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ шудааст.

Эрон бо истифода аз манобеи инсонӣ ва шабакаҳои густардае, ки дар ихтиёр дорад, тавонист ба роҳатӣ ба ҷамъоварии иттилоот бипардозад. Ин дар ҳоле аст, ки Исроил ба далели маҳдудиятҳои ҷуғрофиёӣ ва манобеъ, натавонист ба таври муассир бо таҳдидоти иттилоотии Эрон муқобила кунад.

Эрон ба далели иттихози рӯйкарди таҳоҷумӣ дар муқобили Исроил ва тавоноиҳои навини худ дар ҷазби ҷосусон ва иҷрои амалиётҳои иттилоотӣ, ба бартарии иттилоотӣ дар набард бо Исроил даст ёфтааст. Ин мавзӯъ на танҳо таҳдиде барои амнияти миллии Исроил ба ҳисоб меояд, балки намоёнгари тағйироти ҷиддӣ дар қудрат дар минтақаи Ховари Миёна аст.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

 Расули Акрам(с) ва ҳуқуқи башар
Дархости Молизӣ барои ба таълиқ даровардани узвияти Исроил дар СММ

Матолиби пурбоздид