Навиштан – андешидан рӯи коғаз аст

Навиштан – андешидан рӯи коғаз аст

Фирдавси Аъзам

Ҷуни саги сиёҳ
Касе ки мегӯяд нависандагӣ фароянди осону сода аст, дуруғгӯе беш нест! Ҳатто агар бузургтарин нависандаи ҷаҳон бошад.
Навиштан (навистан) як раванди душвор ва чолишбарангез аст, ки халлоқият, назм, ҳавсала, таҷриба, замон ва як қатор маҳоратҳои дигарро талаб мекунад.
Фақат ин тур нест, ки як мушт калимаи хушку берӯҳро бар рӯи коғази сафед бигзорем ва онро як асар бихонем, на, балки баёни афкор, эҳсосоту назарҳо ба равише возеҳ ва маънодор аст. Чи дар ҳоли навиштани як мақола, як достон ё як гузориши ҳирфаӣ бошем ва чи дар ҳоли эҷоди як шеър, ё матни адабӣ, амали навиштан ҳамеша ниёз ба тафаккур, тамаркуз, итилоот, ҳавсала ва барномарезии дақиқу мушаххас дорад. (Албатта, ба изофаи чошниҳои матн- эҳсосу андешаю дигар унсурҳои калидии адабӣ). Онҳое ки умрашонро бо қалам гузарондаанд, хуб мефаҳманд чӣ мегӯям. Зиндагиномаи бештари нависандаҳоро мурур кардаам. Бо он ки ҳар нависандае одот ва усулҳои мутафовите дар мавриди фароянди навиштан ё нависандагӣ дорад, аммо таҳи назари ниҳоии бештарашон ҳамон воқеияти душвор будани раванди нависандагист.
Пас, бо ин ҳисоб, навиштан аслан худи тафаккур ва андешидан рӯи коғаз аст. (Ин ҷумлаи болоро, фикр кунам, мазмунан, ҷое хонда будам). Мо фикру бардошту таҷрибаю….ҳоямонро рӯи коғаз мерезем. Ин ба он маънист, ки навиштан фақат як раванди рӯнависӣ ба сафҳа нест, балки корест халлоқона, ки шомили ковишу таҳқиқу созмондиҳии идаҳоямон мешавад. Дар ҳайни навиштан аст, ки маҷбур мешавем афкору назарҳои худро рӯшан карда, онҳоро назм бахшем, шикофҳои истидлоли худро шиносоӣ карда, онҳоро ислоҳ кунем.
Навиштан метавонад абзори қудратманде барои рушду кашфи худи мо низ бошад. Масалан, барои ман кумак мекунад то дарки амиқтаре аз худу дунёи атрофи худ эҷод карда, андешаҳоямро муназзам кунам.
Аммо мутаассифона, (ба истиснои се-чаҳор нафар) касе нест, ки бозхурдҳое ҷиҳати беҳбуд ва пешрафти навишторат пешниҳод кунад.
Бо ин ҳол, навиштан-ҷуни саги сиёҳ кандан аст. “Арақрезии рӯҳ” аст. Ниёз ба назм ва тамрин дорад ва албатта метавонад хастакунандаю вақтгир низ бошад.
(Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Фирдавси Аъзам)
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мӯъмин кист?
Фазилати моҳи мубораки рамазон дар аҳодис

Матолиби пурбоздид