Наводир-ул-вақоеъ
Аҳмади Дониш
Бахши аввал
Матни аслӣ:
Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим
Ҷавоҳири обдори ҳамду сано нисори атабаи уббуҳати султони қоҳири шомилқудрате, ки ҳоҷиби боргоҳаш Ҷабраил ва ақли кулл аст ва лаолии шоҳвори маҷду уло, дисори суддаи салтанати қаҳрамони қодири комилиродате, ки ноиби даргоҳаш инсон “хулосаи обу гил ба маҳзи мавҳибати бе иллат Одамро воситаи эҷод ва ихтироъ гардонид ва хилъати хилофат дод ва тоҷе аз лавлок [бар сараш ниҳод,]” то мунтазими низоми олами мулку малакут бошад. Ва аз авлоди кибораш ҷамъеро барои кашфи ҳақоиқи малакути аъло ва асфал аз мураккабот ва муҷаррадот баргузида, ба рисолату нубувват ихтисос дод. Саркардаи онҳо суратан ва маъниян Расули Ҳошимӣ ва Муҳаммади арабист “саллӣ ва саллим аллоҳумма алайҳи ва ало ихвониҳи мо катабатил-ақлому ва тайят-ил-ақдому ва мазият-ил-лаёлӣ вал-айём”. Ва аз аҳфоди киромаш завқро барои ҳалли дақоиқи малакути асфал аз ҷисмониёти мураккаба ихтиёр намуда, вилояту аморат бахшид, ки пешвои онҳо уламо ва салотинанд.
Ва билҷумла Одам ва зуррияашро бар хушку тар тасаллуту тағаллуб дод ва бар моҳ то моҳӣ тафаввуқу тафаззул бахшид ва соири мукавванотро аз басита ва мураккаба маҳз барои ӯ ва ба сабаби ӯ овард ва аз шариати ҳаққа роҳи васеъ ба сӯи хеш кушод ва аз китобу суннат даре ба урдӯи худ. Гумроҳ он, ки бар ин роҳ наравад, мудбир он, ки аз ин дар баргардад. [Ва] чунин худованди меҳрубону поку муқаддасро чунон ки ӯ донад ва худ хоҳад, ҳамду сано бод. Наъте, ки муносиби қудсу азмати ӯ бошад, аз кому забони мо наояд, васфе, ки мутобиқи таназзӯҳу кибриёии ӯ бувад, аз калому баёни мо сурат нагирад: “Фалакал ҳамду милъус-самовоти вал-арзи ва милъу мо байнаҳумо ва милъу мо шиъта мин шайин баъду.”
Аммо баъд чунин гӯяд бандаи “заифул муфтақиру ило афви раббиҳил-борӣ – Аҳмад ибн-ан-Носир ас-Сиддиқи [ал-хифо] ал-Бухорӣ, ки ба тақозои фитрат ва муқтазои ҷибиллат ҳам аз сиғари синн, ки чашми ман ба ҷаҳони фарох боз шуд, руҷӯъ ба завоиду фавозил, ки абнои ҷинсро тарози ҷома ва зеби аммома аст, аз татаббӯи имлою иншо ва хома оварда, баъд аз эҳрози фазоили муктасабӣ ва резачинии моидаи арбоби дониш маводди бисёр аз нукоту ишорот, ки хулоса ва натиҷаи масоили илмия аст, дар хазинаи мудрикаам ҷамъ омада буд.
Агар маро дар қазияе шубҳа афтодӣ ҳам, он шубҳаро баъд аз таваҷҷӯҳ [ва тафаккур] аз замири худ ба далоил ҳал кардаме бе он ки руҷӯе бо ғайр орам ва аз касе пурсам. Ва ҳар чӣ аз ҳар кӣ шунудаме, ки муаддӣ ба ҳикмате ва мавъизате буд, агар муҷмал буд, ба тафсил бинавиштаме ва агар муфассал [буд], муҷмал кардаме. Ва дар ҳақиқати ҳар қавле ва феъле нигаристаме ва бар зоҳири чизҳо назар наандохтаме ва бар ботини он таваҷҷӯҳ сохтаме. Ва чун замона ва аҳли он мустаидди инчунин шуғл набуд, ман худро бад-ин тариқа машғул доштаме, то бад-ин восита ҳикоёту ривоёт аз он чи дидаву шунида будам, дар шаққоту авроқ ҷамъ шуда, абнои ҷинс барои тааҷҷуб мебурданд ва мутолиа мекарданд, боз меоварданд.
Азбаски бозори фазлу ҳунар ба аворизи дохилӣ ва хориҷӣ касоду нороиҷ буд, абнои рӯзгор тадвину таълифи иборату нукотро муфаррағ анҳу дониста, гумон мекарданд, ки аз барои карди он қуввати иҷтиҳодия ё кашфу вилоят ба кор аст. Ва бе ин ду сифат мумкин набувад, ки шахс китобе таснифу таълиф кунад. Ва ҳол он ки дар мамолики Эрону Исломбул ва Фарангистон ҳарсола зиёда аз понсад китоб дар қавоиди фунуну улум мудавван ва муаллаф мешавад, ки соҳибони он ҳанӯз зиндаанд. Ва салотине, ки ба номи онҳо мувашшаҳ намудаанд, алҳол бар ҳаётанд. Чун мардуми мо онҳоро намебинанд, ба шунида эътимод наёранд, балки худ аслан аз ин замин зиёда ба замини дигар эътиқод накунанд. Ва ин мардум он чи дар мобайни авроқ ёбанд, [агар ҳама пучу музахраф бошад], насси қотеъ гумон кунанд ва он чи дар кутуби мутадовили эшон чун “Сайқалинома” ва “Бӯмуслимнома” набувад, онро пучу музахраф шиносанд.
Бинобар ин аксари афозили ин диёр ин шуғлро ҳамл ба молихулиё ва савдо карда, бо муҳаррири сутур муонид [ва зидд] буданд ва мегуфтанд: “Ҳозо ифкун ифтароҳу ва аъонаҳу алайҳи қавмун охарун” Ва он чи маонии баланд, ки дар калимоти ман меёфтанд, донишварон ранг ба рух мешикастанд ва аз қадру маҳалли ман хориҷ медонистанд ва ноқистарон билкулл ба инкор мебаромаданд. Чунки ман бо халқ ба либосе баромада будам, ки ба ҳеҷ кадом аз олиму ҷоҳил мувофиқат надошт, на дастору шона, ки сару ришро ороям [ва] дар қатори уламо бошам ва на корду фӯта, ки [дар камар бандам] ва аз зумраи ҷуҳало бароям. Бад-он сабаб, ки атвори ҳеч як аз абнои рӯзгор дар назарам писанд наёмада буд ва рафтори ҳеч кадом матбӯи хотирам наяфтода, аз ғояти дилгирӣ ва дилтангӣ барои рафъи ғаму ҳамм ҳам, дар ҳузури аҳбобу асҳоб қадам бармедоштам ва сафҳаҳо сиёҳ мекардам, ки маъниҳои равшантар аз моҳ дошт. Ва он чӣ муаллифин барои тадвин ҷои хилвату назеҳ талабанд, ман дар маҷмаъю харобаҳо ва мақобир дар ҳузури руфақо беҳтар иншо ва имло менамудам:
[РубоӣҒам нест гар аз фаҳми камолу нуқсон,
Бар таҳрирам барад касе лағву гумон.
Килкам бе хост нақшбанди шавқест,
Гар хуку саг офарида, халқро чӣ зиён!]
Ва билҷумла онон, ки бо ман мизоҷдон буданд, баъд аз бурду оварди нусхаҳои ман ва ташаттути авроқи он ва тақаддуму тааххури ривоёт ба воситаи дахли ҳикоёти дигарон ибром оварданд, ки “ҳайф бошад, ки он чи навиштаӣ, ба бод равад ва дар об афтад ва хок шавад ё бисӯзад. Онро аз суханони дигарон ҷудо кун ва ба як ҷо ҷамъ овар, ки аз ту ҳамин боқӣ монад ва мӯҷиби ёдоварии аҳбоб шавад, то набошию бошӣ ва мирию намирӣ”.
Фалоҷарам, он чи дар дафотир ҳозир дидам, дар ин авроқ кашидам, хотири аҳбобро ва ҳувал-муваффиқу вал-муину. [Ва онро ба “Наводирул-вақоеъ” мавсум гардонидам, чунки ҳар кадом аз ҳикоят ва ривоят, ки дар ин маҷмӯа қаламӣ шуда, мавқуф бар муқаддима ва сабабе будааст. Ва бар таҳрири ҳар як иллате муқаддам афтода, ки он дар зайли он қисса марқум хоҳад шуд.]
ФЕҲРИСТИ МУНШАОТ, КИ КА-НАҲУННА ҲУРУН МАҚСУРОТУН ФИЛ-ХИЁМ АСТ ВА МУСАММО БА “НАВОДИР-УЛ-ВАҚОЕЪ”
Дар таҳқиқи ҳуқуқи абавайн ва ҳадди уқуқи онҳо.
Дар таҳқиқи матои дунё ва ҳақиқати муомалоти он.
Дар таҳқиқи таърихи олам ва тафтиши ҳудусу қидам.
Дар иллати накбати уқало ва сабаби давлати суфаҳо.
Дар ҳикояти фаромӯшхона ва баёни қурби соат.
Дар ҳикояти ҳоҷӣ ва манофеи сафар ва хислати занон.
Дар ҳикояти Абулқосим-бӣ, сафари Русия.
Дар сафорати Абдулқодир-бӣ ва аҷоиби ҷашни Русия.
Дар ҳикояти гирдоби Искандар ва … марди аҷамӣ.
Дар таҳқиқи ишқу муҳаббати ҳақиқӣ ва маҷозӣ ва одоби ишқбозӣ.
Дар одоби никоҳ ва баёни хусумати модаршӯ.
Дар таҳқиқи қазову қадар.
Дар таҳқиқи рӯҳ ва нисбати тааллуқи ӯ ба абдон.
Дар васоёи фарзандон ва баёни ҳақиқати касбҳо ва пешаҳо.
Рисола дар назми тамаддун ва таовун.
МУҚАДДИМА
Дар таҳқиқи он ки одамӣ бар чӣ махлуқ шуда?
ФАСЛИ АВВАЛ
Дар фазилати аморат ва раёсат.
ФАСЛИ ДУВВУМ
Дар сулуки умаро бо сипоҳ ва хадаму ҳашам.
ФАСЛИ СЕЮМ
Дар тариқи раиятдорӣ ва фуқаропарварӣ.
ХОТИМА
Дар таъини маҷлису муошарати мулук бо нудамо ва муқаррабон.
Дар таҳқиқи ҳайати арз ва такаввуни маодин ва моюносиб золика.
Дар фараҳи баъд аз яъсу хумул ва иҷобати дуо ва радди он.
Дар наводири ҳолоти ашхос, ки аз чанги сибоъ ҷастанд.
Дар таъбири рӯъё, ки далолат бар ҳудуси воқеа мекард.
Дар таҳрири маонии баъзе абёт, ки афозили аср истидъо намуда буданд.
Ҳикояти бӯзинаи таббох.
Дар маънии ҳадиси сақф-ул-ҷаннати арш-ур-раҳмон ва баёни ҳашру нашр.
Дар ташхиси ахлоқи инсон.
***
Ба забони имрӯз:
Таҳияи Сайидюнуси Истаравшанӣ
Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим
Гавҳарҳои тобони ситоиш нисори даргоҳи Худованди бузург (бод), ки Ӯ қоҳир (пирӯз) аст ва қудраташ фарогир; Худованде, ки дарбони боргоҳаш Ҷабраил ва ақли кулл (ақли аввал) аст (ки киноя бошад аз Ҷабраил ва ё аз нури Муҳаммадӣ)!
Марворидҳои шоҳвори бузургӣ ва азамат ҷомаи даргоҳи он Худованд (бод), ки тавоност ва иродааш комил; Худованде, ки ҷонишини даргоҳи хеш инсонро (Одамро) – ки хамирааш аз обу гил аст – бо бахшиши худ воситаи эҷод гардонид (зеро бино ба ривояте, воситаи падид овардани тамоми мавҷудоти олами ҳастӣ аз сӯйи Офаридгор, ҳазрати Муҳаммад (с) будааст, онҷо, ки Худованд дар ҳадисе қудсӣ фармуда: “Агар ту эй Муҳаммад набудӣ, ман афлокро наёфарида будам.”) ва бар тани Одам ҷомаи хилофат ва ҷонишинӣ пӯшонид ва тоҷе аз “лавлок” (ишора аст ба ҳазрати Муҳаммад (с)) бар сараш ниҳод, то сомондиҳандаи низоми ҷаҳони ҳастӣ – аз мулку малакут – бошад.
Ва (Худованд) аз миёни фарзандони барӯманди ҳазрати Одам ҷамъеро барои паёмбарӣ баргузид, то парда аз розҳои олами боло (малакут) ва олами пойин (носут ва ҷаҳони моддӣ) – аз мавҷудоти муҷаррад (мисли фариштагон) ва мавҷудоти мураккаб (моддӣ) – бардоранд. Сарвари ҳамаи паёмбарон ҳазрати Муҳаммади Ҳошимии Арабист: Худоё! Дуруд ва салом бифирист бар ӯ ва ёронаш модоме ки қаламҳо бинависанд ва қадамҳо роҳ бипаймоянд ва шабҳо ва рӯзҳо сипарӣ бишаванд!
Ва аз миёни набераҳои Одам соҳибони истеъдодро барои ҳалли нуктаҳои борики олами пойин (олами моддӣ) ихтиёр намуда, вилоят ва аморат ба эшон бахшид, ки саромади онҳо донишмандон ва ҳокимонанд.
Ва хулоса, Одам ва наслашро бар хушку тар чирагӣ бахшид ва бар ҳамагон – аз моҳӣ то моҳ – ӯро бартарӣ дод ва тамоми мавҷудоти ҳастиро – аз баситу мураккаб – танҳо барои ӯ ва хидмати ӯ ва ба сабаби ӯ офарид.
Ва аз равзанаи шариати ҳаққи ислом роҳе фарох ба сӯйи худ гушуд, ва аз ноҳияи китоб (Қуръон) ва суннат (-и Паёмбар (с)) даре ба пешгоҳи худ боз кард. Гумроҳ касест, ки бар ин роҳ наравад ва пушткунанда касе бошад, ки аз ин дар баргардад.
Ва чунин Худованди меҳрубони поку муқаддасро ҳамду сано бод, чунон ки лоиқи мақоми зоти ӯст! Зеро ситоише, ки муносиби покӣ ва бузургии ӯ бошад, аз кому забони мо барнаояд ва аз калому баёни мо сурат нагирад.
فلَكَ الْحَمْدُ مِلْءُ السَّمَاوَاتِ والْأَرْضِ ومِلْءُ مَا بَينهما وَمِلْءُ مَا شِئْتَ مِنْ شَيْءٍ بَعْدُ
(Пас, турост ситоиш ба пурии осмонҳо ва замин ва пурии он чӣ мобайни онҳост ва ба пурии ҳар он чӣ худат хостӣ!)
Аммо баъд: бандаи нотавони ниёзманд ба гузашти парвардигори хеш Аҳмад ибни Носири Сиддиқии Бухорӣ гӯяд: бар асоси сиришт ва табиати худододӣ, аз хурдсолӣ аз замоне, ки чашмам ба ҷаҳон боз шуд, масоили гуногун ва изофиро аз навиштаҳои мухталиф пайгирӣ мекардам – коре, ки зинати ҷомаи ҳамкисватон ва зеби аммомаи эшон аст – ва баъд аз касби фазоил ва таҳсили дониш, матолиби зиёде, аз нуктаҳои борик ва ишораҳои зариф, дар ҳофизаам гирд омада буд; матолибе, ки ҳама хулосаи масоили илмӣ буданд.
Агар дар хусуси масъалае бароям шубҳа меафтод, худам баъд аз таваҷҷӯҳ ва тафаккур ва бо далел ҳаллаш мекардам, бе он ки барои ҳалли он ба касе муроҷеа кунам ва ҳалли онро аз касе бипурсам. Ва ҳар ҳикмат ва нуктае аз касе мешунидам, агар муҷмал (кӯтоҳ ва мӯҳтоҷ ба тафсил) буд, бо тафсил ва тавзеҳ менавиштам, ва агар батафсил буд, кӯтоҳ ва мухтасараш мекардам. Аз ҳар гуфтор ва кирдоре ҳақиқат ва ботинаш (мағзаш) мавриди таваҷҷӯҳи ман будааст, на зоҳир ва пӯсташ.
Ва чун замона ва аҳли он омодаи инчунин шуғле набуд, ман худро ба ин кор машғул доштам, то ба ин васила ҳикоятҳо ва ривоятҳое, ки дида ва шунида будам, дар варақҳое пароканда гирд омада буданд. Ва ҳамкисватон онҳоро аз ман бармедоштанд ва мебурданд ва пас аз мутолеа бозмегардонданд.
Азбаски бозори фазлу ҳунар (дар хиттаи мо), ба далоили дохилӣ ва хориҷӣ, бо касод рӯ ба рӯ ва роиҷ набуданд, мардуми рӯзгори мо худро аз тадвин ва таълифи нукот ва ишорот (ва китоб) бениёз (гӯӣ ин кор кори онҳо нест) дониста, гумон мекарданд, ки барои тадвин ва таълиф одам бояд аз нерӯи иҷтиҳод бархӯрдор ва ё аҳли кашфу шуҳуд ва дорои вилоят (-и ирфонӣ) бошад. Ва мепиндоштанд, ки бе доштани ин ду сифат мумкин нест шахс китобе бинависад ва таълиф бикунад. Ва ин дар ҳолест, ки дар кишварҳое мисли Эрон, Исломбул (маркази хилофати Усмонӣ) ва Урупо ҳамасола беш аз панҷсад китоб дар ҳавзаҳои гуногуни улум ва фунун таълиф ва тадвин мешаванд, ки муаллифони онҳо ҳанӯз зинда ва ҳокимоне, ки ба номи эшон ин китобҳо ороста шуда, ҳаминак дар қайди ҳаётанд.
Ва чун мардуми мо онҳоро намебинанд, ба шунида ҳам эътимод намекунанд, ва асосан ин мардум ба замине дигар (ғайр аз замини худ) эътиқоде надоранд. (Ва аҷиб аст ҳоли мардуми мо!) Инон ҳар он чиро, ки дар китобҳои худашон бихонанд, агарчи матолибе пуч ва музахраф бошад, нассе қотеъ мепиндоранд, вале он чӣ (аз китобҳои дигар барояшон нақл бишавад) агар дар китобҳои худашон, мисли “Сайқалинома” ва “Бӯмуслинома” пайдо нашавад, пучу музахрафаш медонанд.
Бинобар ин, аксари бузургони ин диёр шуғли тадвин ва таълифро молихулиё ва савдо дониста, бо нависандаи ин сатрҳо (Аҳмади Дониш) инод вариза зиддият мекарданд ва мегуфтанд:
إِنْ هَٰذَا إِلَّا إِفْكٌ افْتَرَاهُ وَأَعَانَهُ عَلَيْهِ قَوْمٌ آخَرُونَ
(Иқтибос аз Қуръон: “Ин (китоб) ҷуз дурӯғе, ки онро бофта чизе нест ва гурӯҳе дигар ӯро бар он ёрӣ кардаанд.” (Сураи Фурқон, ояти 4)) Ва он чӣ аз маъноҳои баланд, ки дар калимоти ман меёфтанд, донишмандон ранг мебохтанд ва ин навиштаҳоро аз андозаи ман берун медонистанд ва аммо ноқистарон ба куллӣ инкор мекарданд. Зеро ман пеши ин мардум ба либосе баромада будам, ки ба шаклу сурати ҳеч кадом аз олиму ҷоҳилашон шабоҳат надошт; на дастору шона, ки сару ришро ороям ва дар қатори уламо бошам, ва на корду камарбанд, ки аз зумраи ҷуҳало бароям.
Ва ба сабаби он ки кирдори ҳеч як аз мардуми рӯзгор дар назарам писанд наёмада буд ва рафтори ҳеч кадом хушоянди хотирам наяфтода, (аз ин рӯ) аз ғояти дилгирӣ ва дилтангӣ, барои рафъи ғаму андӯҳ ҳам, дар ҳузури ёрон ва дӯстон қадам бармедоштам ва сафҳаҳо сиёҳ мекардам, ки маъниҳои равшантар аз моҳ дошт. Ва он чӣ муаллифон барои тадвин ҷойи хилвату дур талабанд, ман дар харобаҳҳо ва гӯристонҳо дар ҳузури дӯстон беҳтар иншо ва имло менамудам:
Рубоӣ:
Ғам нест гар аз фаҳми камолу нуқсон,
Бар таҳрирам барад касе лағву гумон.
Килкам бе хост нақшбанди шавқест,
Гар хуку саг офарида, халқро чӣ зиён!
Хулоса, онон, ки бо ман мизоҷдон буданд, баъд аз бурда овардани нусхаҳои ман ва парокандагии варақҳои он ва пасу пеш будани ривоятҳо ба воситаи дахли ҳикоятҳои дигарон, исрор намуданд, ки: “Ҳайф аст он чӣ навиштаӣ ба бод равад ва дар об афтад ва хок шавад ё бисӯзад. Онро аз суханони дигарон ҷудо кун ва ба якҷо ҷамъ овар, ки аз ту ҳамин боқӣ монад ва мӯҷиби ёдоварии ёрон шавад, то набошию бошӣ ва мирию намирӣ!”
Ногузир, он чӣ дар дафтарҳоям ёфтам, дар ин варақҳо кашидам, ба хотири дӯстон, ва албатта Худованд худ тавфиқдиҳанда ва ёрирасон аст! Ва онро ба “Наводирул-вақойеъ” номгузорӣ кардам, зеро ҳар кадом аз ҳикоят ва ривоят, ки дар ин маҷмӯа оварда шуда, мавқуф бар муқаддима ва сабабе будааст. Ва бар таҳрири ҳар як иллате муқаддам афтода, ки он дар зайли он қисса марқум хоҳад шуд.
Идома дорад…
Қаламонлайн