Навҷавонро дарёбем

Навҷавонро дарёбем

Сабки зиндагӣ

Навҷавонӣ ё наврасӣ марҳалаи бисёр ҳассоси зиндагист.

Дар ин марҳила бояд падару модарон ва мураббиёну муаллимон ештар муроқиби ҳоли онон бошанд.

Гоҳе адами ошноӣ бо наҳваи саҳеҳи бархурд бо як навҷавон, боис мешавад, падару модарҳо фарсангҳо аз фарзандашон дур шаванд, фосилае, ки шояд ҳаргиз натавон онро ҷуброн кард.

Барқарории иртибот бо як навҷавон маҳоратест, қобили ёдгирӣ, волидайн ба роҳатӣ метавонанд бо кӯмак гирифтан аз тадбирҳои зер, гуфтугӯи самарабахш дошта бошанд.

Аввалин қадам, барқарор сохтани иртиботи саҳеҳу дуруст бо навҷавон аст.

Дар сурате ки муваффақ ба иртибот шудед, дар ин марҳала тавсия мешавад, то он ҷое ки мумкин аст, изҳори назар накарда ва дидгоҳи худро баён накунед.

Балки бигзоред суккони ҳидояти гуфтугӯ ба дасти навҷавон бошад.

Фақат ба ҳарфи навҷавон гӯш диҳед.

Беҳтар аст ҳар чанд гоҳе бо баёни ибороте чун “бале, дуруст…” ба ӯ собит кунед, ки ба ҳафрҳояш гӯш медиҳед ва ё бо пурсиши суолоте аз он чи ки гуфтааст, назари ӯро барои идомаи баҳс ҷалб кунед ва худ низ ба ин итминон бирасед, ки сӯҳбатҳои ӯро дуруст мутаваҷҷеҳ шудаед.

Эҳтиром гузоштан ба мухотаб, муҳимтарин нишонаи адаб ва аслитарин нукта дар тарбият аст; бинобар ин, эҳтироми навҷавонро нигаҳ доштан, ӯро таҳқир накардан аз масоилест, ки набояд мавриди ғафлат воқеъ шавад.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Бахшҳое аз дуои Арафа
Паёми Абӯубайда ба ба ҳоҷиён

Матолиби пурбоздид