Назму барномарезӣ – омили пирӯзӣ ва комёбӣ

Назму барномарезӣ – омили пирӯзӣ ва комёбӣ

Барои барқарории назм дар зиндагӣ бояд ба барномарезии корҳои рӯзона пардохт ва ҳар кореро дар вақти муносиби он анҷом дод. Дар ривоёт, авқоти мусалмонро ба чаҳор бахш тақсим намудаанд. Аввал розу ниёз бо Худо, дуюм, кору талош барои касби рӯзӣ, сеюм иртиботи созанда бо дигарон ва чаҳорӯм тафреҳу саргармии солим.

Имом Алӣ дар охирин лаҳазоти зиндагии худ, ба ду омили муҳим ва ҳаётӣ, ки ҳамоно рамзи пирӯзӣ ва муваффақиятанд, супориш карда ва фармудааст: “Шуморо ба тақвою парҳезгорӣ ва назм дар корҳо супориш мекунам”.

Бинобар ин ҷавон барои расидан ба муваффақият бояд бо як барномарезии дақиқ ва мантиқӣ барои истифодаи беҳина аз фурсатҳо, тамоми корҳои рӯзонаи худро анҷом диҳад ва аз дарҳамрехтагӣ ва беназмӣ дар зиндагӣ, ки омили рукуд аст, башиддат дурӣ кунад. Барномаҳои таъиншударо бо суръат ва диққат ба анҷом расонад ва кори имрӯзаро ба фардо наафканад.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳикматнома
Калидҳои муваффақияту пирӯзӣ

Матолиби пурбоздид