Наим Қосим: Душман ғайринизомиёнро ҳадаф қарор медиҳад
Ахбори байналмилал
Дабири кулли ҷадиди Ҳизбуллоҳ дар аввалин суханронии худ: “Мо пойгоҳҳои низомии Исроилро ҳадаф қарор медиҳем, дар ҳоле, ки душман ғайринизомиён ва зерсохтҳоро ҳадаф қарор медиҳад”
Дабири кулли ҷадиди ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон, (асри чаҳоршанбе), бо баёни ин ки “тасмим гирифтаем, ин ҷангро майдони набарди сахт биномем” гуфт: “Мо пойгоҳҳои низомии Исроилро ҳадаф қарор медиҳем. Дар ҳоле, ки душман ғайринизомиён ва зерсохтҳоро ҳадаф қарор медиҳад.”
Шайх Наим Қосим аз раъйи эътимоди Шӯрои Ҳизбуллоҳ барои баргузидани вай ба унвони дабири кулли ҷадиди ин ҷунбиш ташаккур ва қадрдонӣ кард ва гуфт: “Ин амонат, амонати Сайидаббос Мӯсавӣ (р) аст, ки ба мо гуфт, васияти аслӣ, ҳифзи муқовамат аст.”
Дабири кулли Ҳизбуллоҳ идома дод: “Ин амонат, амонати раҳбари бузург Сайидҳасан Насруллоҳ аст, ки замоне, ки Сайидаббос Мӯсавӣ ба шаҳодат расид, гуфт, бо куштани дабири кулли мо мехостанд руҳияи муқоваматро дар мо аз байн бибаранд ва иродаи ҷиҳоди моро дарҳам бишкананд, аммо хуни ӯ дар рагҳои мо ҷараён хоҳад дошт ва азму иродаи моро барои идомаи ин масир бештар хоҳад кард.”
Шайх Наим Қосим изофа кард: “Барномаи кори ман, идомаи барномаҳои раҳбарамон Сайидҳасан Насруллоҳ дар тамоми заминаҳои сиёсӣ, ҷиҳодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ аст. Мо тарҳи ҷангеро, ки Сайидҳасан Насруллоҳ ба ҳамроҳи сарони муқовамат онро вазъ кард, идома хоҳем дод. Дар масири ҷанг бо рӯйкардҳои сиёсии тарсимшуда хоҳем монд.”
Дабири кулли Ҳизбуллоҳ эълом кард: “Ҳимоят аз Ғазза барои мубориза бо хатари Исроил воҷиб буд ва ҳама бояд мардуми Ғаззаро ёрӣ кунем. Муқовамати мо бар асоси мубориза бо ишғолгарон ва мақосиди тавсиъаталабонаи онҳо барои озодсозии хок шакл гирифтааст.”
Шайх Наим Қосим афзуд: “Бархе фикр мекунанд, ки Исроил таҳрик шудааст. Аммо суол ин ҷост, ки оё Исроил ниёз ба баҳона дорад?! Ва оё мо 75 сол куштор ва оворагӣ, дуздии сарзамин ва муқаддастот ва ҷиноятҳоро фаромӯш кардаем?! Исроил барои таҷовузоташ ба баҳона ниёз надорад ва таърих гувоҳи ин масъала аст. Қатъномаҳои байналмилалӣ душмани исроилиро аз Лубнон натавониста хориҷ кунад ва балки ин муқовамат буда, ки онҳоро хориҷ кардааст.”
Дабири кулли Ҳизбуллоҳ идома дод: “Режими саҳюнистӣ 39 ҳазор бор ҳарими ҳавоӣ ва дарёии Лубнонро нақз кардааст. Танҳо чанд рӯз баъд аз оғози “Тӯфон ал-Ақсо”, Омрико ва режими саҳюнистӣ баҳсҳои ҷиддӣ бар сари ҳамла ба Ҳизбуллоҳ доштанд. Мо бо муқовамат тарҳи Исроилро аз кор меандозем ва қодир ба анҷоми ин кор ҳастем. Натонёҳу худ замоне, ки таҷовузоташ ба Лубнонро оғоз кард, гуфт, инҳо барои Ховари Миёнаи ҷадид аст. Мо чандин тарҳи ғофилгиронаро ноком гузоштем.”
Шайх Наим Қосим изофа кард: “Имрӯз дар Ғазза ва Лубнон минтақаи мо бо тарҳи бузурги Исроил, Омрико ва Ғарб мувоҷеҳем. Дар ин ҷанг тамоми имконоти ҷаҳон ба кор рафта, то муқоваматро решакан кунанд. Онҳо мехоҳанд, ки мо таслим шавем, то оянда моро таҳти контроли худашон дароваранд. Ин ҷанги саҳюнистӣ, омрикоӣ, урупоӣ ва ҷаҳонӣ аст, то муқоваматро дар минтақа аз байн бибаранд. Пойдории муқовамат дар Ғазза ва Лубнон ҳамосаи иззат аст ва ояндаи насли моро хоҳад сохт.”
Дабири кулли Ҳизбуллоҳ изҳор дошт: “Мо борҳо гуфтаем, ки ҷанг намехоҳем ҳамон тавр, ки сайидамон низ таъкид карда буд. Аммо ҷанге ба мо таҳмил шуд, омодаем ва бо иззат мубориза хоҳем кард. Агар ҷанге бар мо таҳмил шавад, омодаем то пирӯз шавем.”
Шайх Наим Қосим гуфт: “Мо ба ниёбат аз касе намеҷангем, балки барои муҳофизат аз Лубнон ва озодсозии хокамон ва пуштибонӣ аз Ғазза мубориза мекунем. Эрон дар барномаҳоямон аз мо ҳимоят мекунад ва аз мо чизе намехоҳад. Аз ҳар кишвари арабӣ, ки бихоҳанд аз мо дар баробари Исроил ҳимоят кунад, истиқбол мекунем. Ба Имом Хумайнӣ (р), ки тарҳи нобудии Исроилро барои соҳибони аслии хок (Фаластин) оғоз кард, дуруд мефиристем. Имом Хумайнӣ ин парчамро бо шуҷоат дар даст гирифт ва тамоми ҳимоятҳои лозимро аз муҷоҳидон анҷом дод.”
Дабири кулли Ҳизбуллоҳ афзуд: “Эрон худ медонад, ки чӣ баҳоеро барои ҳимоят аз муқовамат мепардозад. Ин кишвар тавассути шаҳиди сипаҳбуд Сулаймонӣ кӯмакҳое кард, ки ҳеч кас накарда буд. Мо дар хоки худ меҷангем ва сарзамини ишғолиамонро озод мекунем. Касе аз мо чизе намехоҳад ва моро мулзам ба коре намекунад.”
Шайх Наим Қосим идома дод: “Эрон дар канори мо намеҷангад, аммо аз иқдомоти мо ҳимоят мекунад ва ҳеч муқобиле намехоҳад. Ҳар кишвари арабӣ, исломӣ ё кишварҳои дигари ҷаҳон низ аз мо ҳимоят кунад, мо истиқбол мекунем. Аз ҷабҳаҳои пуштибон дар Яман ва Ироқ ташаккур мекунем. Дар масъалаи пейҷерҳо ва бесимҳо, 4 ҳазор лубнонӣ аз ҷумла нерӯҳои мо ва ғайринизомиён осеб диданд, аммо Ҳизбуллоҳ сареъан худро ба инсиҷом расонд ва таҳаввулоти майдонӣ худ ин масъаларо собит мекунад. Зарфиятҳои Ҳизбуллоҳ густарда аст.”
Дабири кулли Ҳизбуллоҳ изофа кард: “Вақойеи майдонӣ собит мекунад ва нишон медиҳад, ки Ҳизбуллоҳ аз ҳамалоте, ки дар маърази он қарор гирифт, беҳбуд ёфтааст, чаро ки як ташкилоти бузург, мунсаҷим ва бо имконоти зиёд аст.”
Шайх Наим Қосим изҳор дошт: “Ҳизбуллоҳ собиқаи ҷиҳодии воқеӣ дорад ва ҳарсола бо касби таҷрибиёти бештар қавитар ва қавитар шудааст. Ҳизбуллоҳ имконот дорад ва ин имконот барои ҷанги баландмуддат кифоят мекунад. Ҳамон тавр, ки Сайид гуфтааст, мо дар интизори даргирӣ ҳастем ва муборизот дар хутути муқаддам ҷараён дорад. Душман тарсида ва изҳорот ва аҳдофашро тағйир медиҳад. Утоқи амалиёти муқовамат хасоратҳои душманро сабт кардааст ва инҳо танҳо хасоратҳо дар хутути муқаддам аст. Муқовамати мо афсонаӣ аст ва мактаби насли озодихоҳ аст.”
Дабири кулли Ҳизбуллоҳ ҳамчунин афзуд: “Ишғолгарон эътироф кардаанд, ки дар баробари мушакҳо ва паҳподҳои Ҳизбуллоҳ нотавон ҳастанд. Ҳамалоти мушакӣ ва паҳподӣ дар чорчӯби як барномаи майдонии ҳисобшуда анҷом мешавад. Душман бояд бидонад, ки ҳамла ба рустоҳо ва шаҳрҳои Лубнон боис нахоҳад шуд, мо ақибнишинӣ кунем. Муқовамат қудратманд аст ва тавониста паҳподи худро ҳатто ба утоқи Натонёҳу бирасонад. Натонёҳу ин бор наҷот ёфт. Шояд аҷалаш ҳанӯз фаро нарасида бошад. Душманро ба дард меоварем. Ҳамлаи мо ба пойгоҳи “Бенёмино” худ баёнгари ин масъала аст ва ҳамчунин ҳамалоти мо ба Ҳайфо ва Акко низ ҳамин тавр.”
Шайх Наим Қосим изофа кард: “Тасмим гирифтаем, ин ҷангро майдони набарди сахт биномем. Мо пойгоҳҳои низомии Исроилро ҳадаф қарор медиҳем. Дар ҳоле, ки душман ғайринизомиён ва зерсохтҳоро ҳадаф қарор медиҳад.”
Дабири кулли Ҳизбуллоҳ хитоб ба режими саҳюнистӣ гуфт: “Ҳатман шикаст хоҳед хӯрд, зеро ин хок моли мост ва миллати мо перомуни мо мунсаҷим ва якпорчаанд. Аз сарзамини мо хориҷ шавед, то хасоратҳои ворида ба шумо коҳиш ёбад ва дар ғайри ин сурат, товони бесобиқа хоҳед дод. Ҳамон тавр дар, ки дар июл (-и 2006) пирӯз шудем, акнун низ пирӯз хоҳем шуд.”
Шайх Наим Қосим ҳамчунин хитоб ба сафири Омрико дар Лубнон гуфт: “На ту ва на ононе, ки ҳамроҳат ҳастанд, шикасти муқоваматро ҳатто дар хоб нахоҳанд дид.”
Дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар идома хитоб ба оворагони лубнонӣ гуфт: “Ин набард мусталзими ин сатҳ аз ҷонфишонӣ аст. Мо дар марҳилаи осеб расондан ба душман ҳастем, ки лозимаи он пойдорӣ ва сабр аст. Муқовамат бидуни фидокории шумо пирӯз нахоҳад шуд. Дигарон аз мизони сабри шумо шигифтзада ҳастанд. Ҳизбуллоҳ ба юмни муҷоҳидон дар муқовамат қудратманд ва ба юмни шумо дар масоили сиёсӣ қавӣ аст. Ба касоне, ки рӯйи марҳилаи баъд аз ҷанг ҳисоб кардаанд, мегӯем, маҷбур хоҳед шуд Омрико ва муттаҳидонашро лаънат кунед, чун ба шумо дурӯғ гуфтанд.”
Шайх Наим Қосим изофа кард: “Душман наметавонад рӯйи замон ҳисоб кунад, зеро хасороташ зиёд аст ва маҷбур хоҳад шуд, таҷовузотро мутаваққиф кунад. Мо ба муборизот идома хоҳем дод. Агар душман таваққуфи ҷангро бипазирад, мо низ шурут ва роҳкореро, ки дар музокироти ғайримустақим салоҳ бидонем, хоҳем пазируфт.”
Дабири кулли Ҳизбуллоҳ идома дод: “Рукни ҳар гуна музокира ибтидо оташбас аст. Ҳамон тавр, ки сайидамон гуфт, замони шикастҳо дигар тамом шуда ва акнун замони пирӯзиҳост. Мо пирӯз ҳастем. Сабр кунед ва сабур бошед!”
Қаламонлайн