Намояндаи аршади Ҳамос: “Аҳамияти майдони расона камтар аз майдони набард нест”
Ахбори байналмилал
Irna
Узви аршади дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос гуфт: “Фаъолияти расонаӣ бахше аз набарди мо алайҳи режими саҳюнистӣ аст ва аҳаммияти ин набард камтар аз набард дар майдон нест.”
Ба гузориши Ирно, Усома Ҳамдон дар маросими ифтитоҳияи 24-умин намоишгоҳи расонаҳои Эрон изҳор дошт: “Саломи мардум ва муборизони Фаластин ва Ғаззаро ба шумо тақдим мекунам. Ёд мекунам аз шуҳадои расона дар Фаластин, ки теъдодашон аз ибтидои таҷовузи режими саҳюнистӣ ба беш аз 120 нафар мерасад.”
Узви аршади дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос афзуд: “Тардиде нест, ки расона аз гузашта то ба имрӯз нақши муҳимме доштааст. Фаъолияти расонаӣ бахше аз набарди мо алайҳи режими саҳюнистӣ аст. Аҳаммияти ин набард камтар аз набард дар майдон нест. Ба ҳамин иллат, душман хабарнигоронро ҳадаф қарор медиҳад.”
Ҳамдон бо таъкид бар ин ки дар ҷараёни набарди “Тӯфон ал-Ақсо” расона нақши муҳимме дошт афзуд: “Расонаҳо имрӯз нақши аслиро дар шакл додани фарҳанг ва руҳияи фидокорӣ ва муқовимат дар ҷавомеъ ва ҷиҳоди табйин доранд.”
Вай афзуд: “Қудрати расона масъулияти бузургеро барои расонаҳо эҷод кардааст, ки бояд дар иртибот бо уммати ислом садоқат дошта бошанд.”
Узви Ҳамос бо ишора ба вазъияти имрӯзи Ғазза гуфт: “Баъд аз 140 рӯз аз оғози ҷанг вазъияти муқовимат беҳтар аз чизе аст, ки дӯстон тасаввур мекунанд. Миллати мо устувор истодааст. Муқовимат як бозигари аслӣ дар шакл додани оянда аст. Мо дар ҳоли чашондани шикаст ба душман ҳастем.”
Irna
Қаламонлайн