Насиҳатҳои Луқмони Ҳаким ба писараш
Луқмон дар васияте ба фарзандаш гуфт:
Писарҷон! Шарр бо шарр хомӯш нашавад, чунон ки оташ бо оташ, балки шарро хайр фурӯ менишонад ва оташро об…
Писарҷон! Амин бош, то тавонгар шавӣ.
Фарзанди азиз! Ту он гоҳ ки аз модар зода шудӣ, пушт ба дунё ва рӯ ба охират доштӣ ва ҳар рӯз, ки аз умрат мегузарад, аз дунё дуртар ва ба охират наздиктар мешавӣ.
Писарҷон! Тақворо тиҷорати худ қарор деҳ, то бесармоя судҳо ба ҷониби ту сарозер шавад ва ҳар гоҳ хатое кардӣ, ба дунболаш садақае фирист, то шӯълаашро хомӯш кунад.
Писарҷон! Пазириши мавъиза чунон бар бехирадон мушкил аст, ки боло рафтан барои пирони фартут…
Фарзанди азиз! Он чи намедонӣ, аз уламо фаро гир ва он чи медонӣ, ба мардум биёмӯз.
(Насоеҳ)
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн