Натонёҳу: “Дунболи равобити хуб бо низоми ҷадиди Сурия ҳастем”
Ахбори байналмилал
Нахуствазири режими саҳюнистӣ гуфт, ки ин режим ба дунболи равобити хуб бо низоми ҷадид дар Сурия аст.
Ба гузориши пойгоҳи исроилии давлатии Times of Israel
Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ гуфт, ки ин режим ба дунболи равобити хуб бо низоми ҷадид дар Сурия аст.
Вай дар идомаи суханонаш ҳушдор дод, дар сурате, ки низоми ҷадиди Сурия ба Эрон иҷоза диҳад, ки дар ин кишвар ҳузур ёбад ва ба интиқоли силоҳ бипардозад, баҳои ҳангуфтеро хоҳад пардохт.
Гуфтанист, Натонёҳу дар ҳоле ин суханонро матраҳ мекунад, ки дар ҳамалоти шадиди нерӯи ҳавоии режими саҳюнистӣ тӯли ду рӯзи гузашта ба зерсохтҳои низомии Сурия, байни 70 то 80 дарсад аз тавоноии низомии ин кишвар аз байн рафт.
Қаламонлайн