Натонёҳу: “Рӯзҳои сахте дар интизори мост”

Натонёҳу: “Рӯзҳои сахт ва пурчолише дар интизори мост”

Ахбори байналмилал

Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири Исроил, соате пеш дар изҳороти зиндаи телевизионӣ гуфт, ки рӯзҳои душвор ва пурчолише дар пеш дорем.

Ба гузориши CNN, бахшҳое аз суханони вай ба шарҳи зерин аст:

Дирӯз раиси ситоди Ҳизбуллоҳро аз байн бурдем.

Дар ҳафтаҳои гузашта, зарбаҳои мустақим ба Ҳамос, Ҳизбуллоҳ ва Ҳусиҳо ворид кардем.

Дирӯз муовини Насруллоҳро дар Лубнон куштем, ки масъули ҳамалот дар шимол алайҳи шаҳрвандони мо буд.

Масъули ҳамлаи Маҷдалшамсро ҳадаф қарор додем ва ӯ дар таъқиби байналмилалӣ буд.

Фуод Шукр масъули мушакҳои дақиқи Ҳизбуллоҳ буд.

Ҳар касе, ки Исроилро ҳадаф қарор диҳад, ҳадафи мост.

Рӯзҳои душвор ва пурчолише дар пеш дорем.

Ҳисоби худро бо ҳар касе, ки ба мо осеб бирасонад ё муртакиби куштор алайҳи мардум мо шавад, соф хоҳем кард.

Исроил заработи қотеонае ба ниёбатиҳои Эрон ворид кардааст.

Исроил барои ҳар сенарияе омодааст.

Дар баробари ранҷи сокинони шимол сокит нахоҳем монд.

Исроил касонеро, ки ба он дар ҳар маконе ҳамла кунанд, водор ба пардохти баҳои сангине хоҳад кард.

Рӯзҳои оянда душвор хоҳад буд, аз замони ҳамла дар Бейрут, таҳдидҳоеро аз ҳамаи ҷабҳаҳо шунидаем.

Ин ҷанг тӯлонӣ хоҳад буд ва ман таслими фишорҳои дохилӣ ё хориҷӣ нахоҳам шуд.

(edition.cnn.com)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тоҷикистон бо ҷазои дастаҷаъмона тааҳҳудномаҳои байналмилалиро зери по кардааст
New York Times: Раҳбари Эрон дастури ҳамла ба Исроилро содир кард

Матолиби пурбоздид