Нақши ҷаҳонбинӣ дар зиндагии инсон – II

Нақши ҷаҳонбинӣ дар зиндагии инсон – II

Бахши дуввум

Гуфтем, ки ду навъи ҷаҳонбинӣ таъриф шудааст, яке ҷаҳонбинии илоҳӣ, ки ин ҷаҳонро як мавҷуди ҳадафдор ва дорои такягоҳи бошууре мебинад, ки бар асоси мабнои хоссе бино ёфта ва назму ҳисобе дорад ва дигар, ҷаҳонбинии моддӣ ба ин маъно, ки ҷаҳон на тарҳу барномаи қаблӣ дорад, на дорои тарроҳи бошуур аст ва на дорои ҳадаф ва ҳисобу китоб.

Фоида ва натиҷаи ин ду нигариш ба ҷаҳон, қобили шакку тардид нест, зеро агар ҷаҳони ҳастӣ соҳиб ва ҳадафу ҳисобе дошта бошад, пас ман ҳам, ки ҷузъе аз он маҷмўа ҳастам, бе ҷиҳат офарида нашудаам ва бояд худамро бо хост ва ризои соҳиби он татбиқ диҳам ва аъмоламро бар асоси тарҳе, ки ў барои инсон кашидааст, ҳамоҳанг созам.

Аммо агар, тамоми ҷаҳони ҳастӣ бидуни тарҳу нақшаи қаблӣ ва беҳадафу беҳисобу китоб  бошад, пас далеле надорад, ки банда худро маҷбур ба риояти назму қавонине намоям ва худро таслими маҷмўае аз қайду бандҳо бидонам.

Аммо аз тарафе, вақте мо ба ҷомеаҳо нигоҳ мекунем, шоҳиди он ҳастем, ки дар ҷомеаҳо баъзе аз рафтору кирдорро ба унвони арзиш пазируфта ва низ қавонину суннатҳои хоссе ба унвони ахлоқи некў пазируфта шудааст, ки аз ҷумлаи онҳо ҳисси масъулиятпазирӣ мебошад. Дар ҷомеа масъулиятпазирӣ арзиш ва бемасъулиятӣ зиддиарзиш башумор меравад.

Ҳоло, кадом вақт инсон масъул ва ботааҳҳуд мешавад то инсони арзишмадор ва инсони хуб дониста шавад? Инсон замоне масъул ва ботааҳҳуд мешавад, ки ҳис кунад, рафтору аъмолаш зери назар аст ва ў мавриди суол қарор хоҳад гирифт. Ва ин замоне амалӣ мегардад, ки инсон ҳастиро дорои ҳисобу китоб бинад ва онро ҳаракаткунанда дар роҳи ҳадафи хоссе бидонад ва нозиру нозими бошууре барои он қоил бошад. Бинобар ин, ҷаҳонбинии илоҳӣ, ки дорои имтиёзоти зикршуда мебошад, метавонад инсони масъул ва ботааҳҳудеро парвариш диҳад.

Аммо аз нигоҳи моддигароӣ тамоми ҳастӣ бидуни тарҳу нақшаи қаблӣ буда ва бо мурури замон, бар асоси қонуни эволютсия ё такомул, бавуҷуд омада ва ба ин шакл даромадааст. Дар ин дидгоҳ ҳамаи инсонҳо ба нобудӣ маҳкуманд ва бо мурдан нобуд мешаванд ва танҳо ҳадаф осоишу хушӣ ва сипас нобуд шудан аст. Бо ин тарзи тафаккур метавон ба худ гуфт: чаро зинда бошам ва чаро худкушӣ накунам?! Ба ҳар ҳол, ман пас аз солҳо ранҷу сахтӣ нобуд мешавам, пас чаро зудтар худро халос накунам?

Ақидаву тарзи тафаккур ва шинохт ё ба иборати дигар, ҷаҳонбинии мо, бар тамоми рафтору кирдор ва навъи интихоби мо асар мегузорад ва метавонад зиндагии моро дорои маъно ё бидуни маъно гардонад. Бинобар ин, иддао мекунем, ки зиндагии маънодор, ки мо инсонҳо ба дунболаш ҳастем, дар сояи ҷаҳонбинии илоҳӣ бавуҷуд меояд ва саодату хушбахтии инсонро таъмин менамояд.

Ҷаҳонбинии хубу олӣ

Ҳоло ки бо нақши ҷаҳонбинӣ ошно шудем, дар паи он мешавем, ки бубинем он кадом ҷаҳонбинист, ки мо дар ҷустуҷўяш ҳастем ва дар талошем то ба он даст ёбем ва ба иборати дигар ҷаҳонбинии хубу олӣ кадом аст?

Ҷаҳонбинии хубу олӣ, ки маншаи саодати инсон мегардад, бояд дорои меъёрҳои зер бошад:

1.Мантиқӣ ва қобили исбот бошад; зеро мантиқӣ будани як чизе заминаи пазириши ақлии онро фароҳам месозад ва онро дар андешаҳо қобили қабул мегардонад, ибҳомҳо ва торикиҳоеро, ки монеи бузурге ҳангоми амал аст бартараф месозад.

2.Ба ҳаёт ва зиндагӣ маъно диҳад; андешаи ботили лағву беҳуда будани зиндагиро аз зеҳнҳо хориҷ созад.

3.Ормонсоз ва шавқангез бошад, зеро ормонсоз будани ҷаҳонбинии як мактаб (идеология), ҷозиба ва қудрати кашиш ба он медиҳад ва ба он ҳарорату ниру мебахшад.

4.Қудрати тақаддус бахшидан ба ҳадафҳои инсонӣ ва иҷтимоӣ дошта бошад.

Тақаддус бахшидани як ҷаҳонбинӣ ба ҳадафҳои мактаб сабаб мегардад, ки афрод ба осонӣ дар роҳи ҳадафҳои мактаб фидокорӣ ба харҷ диҳанд; то як мактаб натавонад ба ҳадафҳои худ тақаддус бахшад ва дар афрод ҳисси парастишу фидокорӣ ва гузашт нисбат ба ҳадафҳои мактаб ба вуҷуд наоварад, аҳдофи он мактаб замонати иҷроӣ надорад.

5.Тааҳҳудовар ва масъулиятбарангез бошад.

Тааҳҳудоварӣ ва масъулиятбарангез будани як ҷаҳонбинӣ, фардро дар умқи виҷдон ва замир мутааҳҳид мекунад ва масъули хеш ва ҷомеа қарор медиҳад.

Ҳамаи он хислатҳо, ки барои як ҷаҳонбинии хуб зарурист, дар ҷаҳонбинии тавҳидӣ ҷамъ шудааст.

Идома дорад…

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Муҳоҷирати мутахассисон аз кишвар
Марги қу

Матолиби пурбоздид