Нишасти вазири хориҷаи Узбекистон бо суфарои ҳашт кишвари арабӣ
Гуфтугӯ дар мавриди вазъияти Ғазза
Ахбори байналмилал
Бахтиёр Саидов вазири умруи хориҷаи Узбекистон аз нишасти худ бо суфарои Исроил ва ҳашт кишвари арабӣ (Алҷазоир, Миср, Урдун, Қатар, Кувейт, Аморот, Фаластин ва Арабистон) хабар дод.
Дар ин гуфтугӯ, вазъияти Ғазза мавриди баҳс қарор гирифт ва Бахтиёр Саидов таъкид кард, ки Тошканд аз ду тараф мехоҳад, бо поён додан ба даргириҳо, ихтилофотро бо роҳҳои диплумотик ва мусолиматомез ҳал кунанд.
Лозим ба зикр аст, ки ҳеч гуна пӯшиши расонаӣ аз ин рӯйдод сурат нагирифт ва ҷузъиёти он мунташир нашудааст ва танҳо вазири хориҷаи Узбекистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин нишаст хабар додааст.
Қаламонлайн