Нишасти сарони ИДМ дар Русия

Нишасти сарони ИДМ дар Русия

Ахбори минтақа

Бар асоси гузориши Дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Русия, нишасти ғайрирасмии сарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор гардид.

Дар ин нишаст, масоили марбут ба тақвияти ҳамкориҳои чандҷонибаи байни кишварҳои ширкаткунанда мавриди баҳсу табодули назар қарор гирифтааст. Инчунин масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ матраҳ шуд.

Нишасти мазкур бо ибтикори Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва мушорикати раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Белорус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Узбакистон ва нахуствазири Арманистон баргузор шудааст.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Чанд сухан аз бузургон
Пасларзаҳои ҳазфи Эрон аз Комиссияи мақоми зани СММ

Матолиби пурбоздид