Ниёз ба низоми нави ҷаҳонӣ дорем

Алим Шерзамонов: Ниёз ба низоми нави ҷаҳонӣ дорем

Изҳори назар

Ниёз ба низоми нави ҷаҳонӣ пайдо шудааст

Ду чизи ба ҳам муртабит дар системаи ҷаҳонӣ вуҷуд доранд, ки дигар наметавонанд танҳо кори дохилии давлатҳо боқӣ монанд — ин фасод ва тақаллуб дар интихоботҳост.  Зеро дар кишварҳое, ки ҳукумат дар натиҷаи овоздиҳии мардум машруият пайдо мекунад, интихобот набояд кори дохилии ин кишварҳо бошад.

Набояд ба ин гуна режимҳо машруияти байналмиллалӣ дода шавад. Бо ҳар дафъа кори дохилии режимҳо эътироф кардани дасткорӣ дар овозҳои мардум, мо билахира ба ҷое расидем, ки бархе кишварҳо бо истифода аз механизмҳои интихоботӣ ғасби қаламрави кишварҳои ҳамсояашонро низ қонунӣ мекунанд.

То замоне, ки ба ном раиси ҷумҳурҳо 20 сол ва бештар аз он дар ҳукумат боқӣ мемонанд ва ҷаҳони мутамаддин аз фишурдани дасти онҳо парҳез намекунад, то замоне, ки сафирони кишварҳои демократӣ ба ифтихори поёни маъмурияташон барои онҳо зиёфатҳое дар пояи мансабдорони фосиди ин кишварҳо ташкил медиҳанд ва ҳукумати демократитарин кишвари дунё бовариномаи сафири кишвар – духтари диктотури бо роҳи ғайридемократӣ интихобшударо қабул мекунад, чӣ гуна роҳи ҳалҳои дигаре мешавад пешниҳод кард?

Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Интишори рӯихати ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое, ки дар Тоҷикистон фаъолияташон мамнӯъ аст
Тоҷикистон ва Эрон дар масири ҳамкориҳои тиҷорӣ ва тронзитӣ

Матолиби пурбоздид