Ниёиш

Фарҳанг

Ниёиш

Дуои рӯзи сешанбе

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

Ситоиш махсуси Худо ва ҳамд сазовори ӯст

Он чунон ки шоистааш аст, ситоиши бисёр ва ба ӯ паноҳ мебарам аз бадиҳои нафсам, чун дар ҳақиқат нафс бисёр ба зиштӣ фармон медиҳад, ҷуз онки Парвардигорам раҳм кунад ва ба Худо паноҳ мебарам аз зарари шайтон, ки гуноҳ бар гуноҳам меафзояд ва ба қудрати ӯ аз ҳар гарданкаши нобакору подшоҳи ситамкору душмани қаҳҳор парҳез мекунам

Худоё, маро аз сипоҳиёнат бигардон, чунки дар ҳақиқат фақат сипоҳи ту пирӯз аст ва маро аз ҳизби худ қарор деҳ, ки танҳо ҳизби ту растагор аст ва маро аз дӯстонат қарор деҳ, ки ба ростӣ бар дӯстонат тарсе нест ва онҳо андӯҳгин намешаванд

Худоё, динамро бароям сомон деҳ, ки он василаи дар амон будан ва дурии ман аз гуноҳ аст ва охиратамро обод соз, ки онҷо хонаи пойдори ман ва гурезгоҳам аз ҳамсоягии пастсифатон аст ва зиндагиро бароям заминаи зиёдӣ дар ҳар хайр ва маргамро бароям оромиш аз ҳар газанде қарор деҳ

Худоё, бар Муҳаммад, хотами паёмбарон ва комилкунандаи шумори расулон ва бар хонадони поку покизааш ва бар ёрони баргузидааш дуруд фирист ва дар рӯзи сешанбе се ҳоҷатамро раво кун: гуноҳе бароям магузор, ҷуз он ки биёмурзӣ ва на андӯҳе, ҷуз он ки онро бартараф созӣ ва на душмане, ҷуз он ки дур гардонӣ!

Ба номи Худо, ки беҳтарин номҳост, ба номи Худои Парвардигори замину осмон, дурии ҳар нохушояндеро, ки ибтидояш хашми Худост ва расидан ба ҳар маҳбуберо ки оғозаш хушнудии ӯст, хосторам. Пас аз сӯи худ саранҷомамро ба омурзиш поён деҳ, эй соҳиби некӣ ва некукорӣ.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Зоҳиран бояд мунтазири Ҷоизаи Нобели Сулҳ низ ба Ҷулонӣ бошем!
Reuters: Вазири ҷанги Исроил: Телавив пушти сарнагунии давлати Сурия тавассути шӯришиёни Ҳайати Таҳрири Шом буд

Матолиби пурбоздид