Ниёиш

Адаб

Ниёиш

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

Ситоиш Худоро, ки шабро пӯшиш ва хобро мояи оромиш ва рӯзро заминаи такопу қарор додааст.

Ситоиш фақат шоистаи туст, ки маро аз хобгоҳам барангехтӣ ва агар мехостӣ хобамро ҷовидон месохтӣ, ситоиши доимӣ, ки ҳаргиз поён наёбад ва сипоси бекарон, ки офаридагон аз шумориши он нотавонанд.

Худоё, ситоиш танҳо шоистаи туст, ки офаридӣ ва сомон додӣ ва андоза муқаррар намудӣ ва фармон додӣ ва мирондӣ ва зинда кардӣ ва бемор намудӣ ва дармон кардӣ ва беҳбудӣ бахшидӣ ва фарсуда сохтӣ ва бар арши ҳастӣ ҳокимӣ ва фармонравоии ҷаҳонро фаро гирифтӣ.

Туро мехонам ҳамчун касе, ки василааш суст гашта ва риштаи чорааш гусаста ва маргаш наздик шуда ва орзуяш дар дунё костӣ ёфта ва сахт бар раҳмати ту ниёзманд гашта ва ҳайраташ бар асари кӯтоҳӣ фузӯнӣ ёфта ва лағзишу афтоданаш афзоиш ёфта ва бозгашташ ба сӯи ту холис шудааст

Пас бар Муҳаммади хотами паёмбарон ва бар хонадони покиза ва покниҳодаш дуруд фирист ва шафоати Муҳаммадро рӯзиям фармо ва аз ҳамнишинӣ бо ӯ маҳрумам масоз, ҳамоно туӣ меҳрубонтарини меҳрубонон

Худоё, дар чаҳоршанбе чаҳор ҳоҷати маро раво соз: неруямро дар тоати худ ва нишотамро дар бандагии хеш ва рағбатамро дар подошат ва берағбатиямро дар ончи сабаби азоби дардноки ту аст қарор деҳ, ҳамоно ту ба ҳар касе бихоҳӣ меҳрубонӣ.

Худоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист!

(Дуои рӯзи чоршанбе)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

 Залмай Халилзад пытается подсказывать президенту США как урегулировать войну между Россией и Украиной 
Дидори Раҳмон бо раиси Бонки тавсиаи Осиёӣ

Матолиби пурбоздид