Нодон маъзур аст!?
Ёддошти профессор Сайфулло Муллоҷон
Дар шабакаи иҷтимоӣ хабаре паҳн шудааст, ки бар пояи он блогер дар кишвари ҳамсояи Узбекистон ба хотири таблиғи давлати Шӯравӣ ва орму парчаму шиорҳои он, ҳамчунин накӯҳишу бадгӯӣ аз ҷунбиши муқовимати мардуми Осиёи Миёна (машҳур ба босмачиён) маҳкум ба зиндон шудааст. Бо нашри ин хабар, тоҷикони мо шуруъ карданд ба “тафсири” таърих ва нишон додани “рагу хуни тоҷикияшон”, аз ҷумла, ин даъвои дурӯғину масхарае ки “босмачиён турк буданд” ва ғайра. Як доно аз ин ҷамъи ҳарзагӯ надидаам, ки сухан бо далел гӯяду баррасӣ ба мантиқ кунад. Ҳарчанд аз зиндоншавии аҳаде хурсанд нестам, хусусан ба хотири доштани андешае ё ҷонибдорӣ аз афкоре, аммо давлати ҳамсоя, ки ҳамчун Тоҷикистони мо дар остонаи таҷлили 35-умин солгарди истиқлоли хеш қарор дорад, кори дурусте кардааст. Таблиғи ормони давлате ки вуҷуди он бо истиқлоли кишвари шумо ҳамхонӣ надорад, кори мантиқӣ ва дуруст аст!
Шумо ба ёд оред, ҳамон Шӯравии ҷоноҷони худро, ки чӣ балое бар сари устод Айнӣ наёвард, ба “ҷурми” гӯё дар назар доштани амири фирорӣ (Олимхон) дар шеъри “Бӯйи ҷӯйи мулиён ояд ҳаме”. Ё касе дар ёд дошта бошад, замоне ки гурӯҳи ифротии Толибон вақте шаҳри Кобулро тасарруф карданд ва ҷавонеро ки парчами ҷумҳуриятро мебардошт, чӣ балое ба сараш оварданд. Хуб агар як кишвар истиқлол дорад ва аз арзишҳои истиқлолии худ, ба шумули парчаму суруди миллӣ ва таъриху ҳофизаи ҷамъии мардум дифоъ мекунад, кори баде мекунад?
Шӯравӣ мурда аст. 35 сол қабл ӯро худи коммунистон дафн карданд. Бештари касоне ки дар фурӯпошии Шӯравӣ саҳмгузоранд, аъзоёни ҳизби коммунист буданд. 97 % мардуми Тоҷикистон соли 1991 барои ибқои Шӯравӣ раъй доданд, вале раъйи ин мардумро касе ба чизе нашумурд, ҳамон гуна ки вақте ин режим дар солҳои 20-уми асри гузашта истиқрор меёфт, касе аз тоҷик чизе напурсид. Барои истиқрори ин режим садҳо ҳазор тоҷик бехонумон шуду ба Афғонистону кишварҳои дигар ҳиҷрат кард. Ҳазорони дигар дар хонаи худ кушта шуданд. Фурӯпошии наҳси он низ муҷиби ҷанги хонаводагии мо тоҷикон шуд. Пас, лутфан барои ин мурдае ки ҷанозаашро худи баркашидагонаш хондаанд, шеван накунед. Барои бозгашташ низ навҳагарӣ суд надорад! Бо баёни содаи тоҷикӣ бигӯед “чуқуртар равад!”
Ман тааҷҷуб мекунам аз мавқеъгирии баъзе ба истилоҳ мубаллиғони истиқлол, ки агар Шӯравиро нақд кунед, ҷонашон мебарояд. Як давлатмарди тоҷик, ки солҳо дар раёсати вилоятӣ ва дастгоҳи марказии ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон кору фаъолият кардааст, чунон барои нақди баҷойи давлати Шӯравӣ фарёд мекашад, ки аз ҳадди ақлу фикр берун аст. Шумо ки ба давлати мустақили Тоҷикистон бовар надоред, чаро дар чашми давлат ва мардум хок мепошед. Биравед узви ҳизби комунистии Тоҷикистон шавед, ки расман ба қайд гирифта шудааст ва ҷавонони то 35 солаи моро ки ҷуз Тоҷикистони мустақилро надидаанду ба давлати дигаре дил набастаанд гумроҳ насозед. Ба гуфти мардуми Бадахшон нон бар суфраи мо мехӯреду ку-ку барои дигарон мекунед!
Сайфулло Муллоҷон
Қаламонлайн













