Номаи донишманд
Нукоти ахлоқӣ
Донишманде ба яке аз дўстони худ нома менавишт.
Шахсе ба гўшаи чашм навиштаи вайро мехонд.
Барои донишманд навиштан душвор омад.
Ў навишт, ки агар дар паҳлӯи ман дузде намебуд ва навиштаи маро намехонд, ҳамаи асрори худамро менавиштам.
Он шахс гуфт:
– Ман номаи туро нахондаам.
Гуфт:
– Эй нодон, пас инро, ки мегӯӣ, аз куҷо мегӯӣ?!
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: