Номаи Нидо

Номаи Нидо

Хоҳиш мешавад, мардоне, ки бе ҷиҳат ҳамсарони худро талоқ медиҳанд, ин номаро бихонанд

Як рӯз, корманди пуст (почта)-е, ки кораш расидагӣ ба номаҳои ирсолшуда ба нишониҳои номаълум мебошад, мутаваҷҷеҳи номае мешавад, ки рӯи конверти он навишта шуда буд: “Нома ба Худо!”

Ба гузориши пойгоҳи Jahannews, ин корманд, бо худаш фикр кард, беҳтар аст номаро боз карда ва бихонад. Баъд аз хондани ин нома, ки мутааллиқ ба як духтари 9 сола будааст, хеле таҳти таъсир қарор мегирад ва он гоҳ номаро ба дигар кормандонаш нишон медиҳад. Коркунони пуст (почта) тасмим мегиранд, ба суроғи соҳиби ин нома бираванд ва билохира доии (тағои) ӯро пайдо мекунанд.

Доии ин духтари 9 сола, ки Нидо ном доштааст, пас аз хондани номаи мазкур, дар ҳоли гирён мегӯяд: “Падару модари Нидо 6 сол пеш аз ҳам ҷудо шудаанд. Ӯ бо модараш дар ҷануби шаҳри Теҳрон зиндагӣ мекунад. Падараш як муътод (нашъаманд) ва алкулӣ шудааст. Модари Нидо, ки дигар тавони таҳаммули хушунат, лоқайдӣ ва кутак заданҳои шавҳарашро надошта, дархости талоқ карда ва аз ӯ ҷудо шудааст.”

Доии Нидо, ки бо хондани ин нома ашк аз чашмонаш сарозер мешуданд, дар идома мегӯяд: “Бад нест мо одамҳои калонсол ҳар вақт, ки диламон ғубори дунё мегирад, Худоро аз лобалои эҳсоси баччаҳо ҷустуҷӯ кунем. Баччаҳо ҳамеша бо Худо ҳастанд.”

Инак, матни номаи маҳрамонаи Нидо ба Худо:

“Аз тарафи Нидо ба Худо,

Худоё! Ба ману модарам кӯмак кун мушкилоти худро бо ҳам ҳал кунем. Худоё! Кӯмак кун!… Худоё! Умри модарамро зиёд кун, ки то синии 66 солагӣ ҳадди аксар умр дошта бошад. На… бештар, то ҳудуди 78 солагӣ зинда бошад.

Худоё! Ман ин ҳарфҳоро аз таҳи дил мезанам ва мегӯям. Худоё! Падарамро озор бидеҳ; тавре ки ба андозаи модарам ранҷ бибинад; чун ман ошиқи модарам ҳастам ва ҳатто як зарра ҳам падарамро дӯст надорам. Худоё! Маро кӯмак кун, то дар ҳунари наққошӣ муваффақ шавам. Худоё! Ман ки медонам муваффақ мешавам, албатта бо кӯмаки Шумо. Ман фақат ба ту эътиқод дорам, пас ба ман кӯмак кун!

Худоё! Ростӣ, ман мехостам ба ту чизе бигӯям. Магар ту намегӯӣ баччаҳо фариштаанд? Пас дуоямро зуд мустаҷоб кун. Лутфан дуоҳои маро мустаҷоб кун ва ба мушкилоти молии мо кӯмак кун, то пулдор шавем. Худоё! Маро бибахш, ки намоз намехонам.”

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Саргузашти як тоҷик
Ҷанги бидуни ҷанг

Матолиби пурбоздид