Номаҳои торихии Паёмбар(с)

Таърих

Номаҳои торихии Паёмбар(с)

Торихи Паёмбар(с)

Таърих 175 номаро аз Расули Акрам(с) ба ёдгор гузоштааст. Ин номаҳо, ки шомили паймонномаҳо, даъвати подшоҳон ва раисони қабилаҳо ба ислом, фармонҳои ҳукуматӣ, амонномаҳо ва бархе номаҳои дигар аст, тасвире комил аз ахлоқи сиёсӣ ва иҷтимоии Паёмбар (с)-ро ба намоиш мегузорад.

Аз миёни паймонномаҳо ва номаҳои Паёмбар(с), танҳо як намунаро барои баёни аҳаммияти ислом ба ҳуқуқи башар бармегузинем: Паймони Расули Акрам(с) бо масеҳиёни Наҷрон.

Ин паймоннома, ки матни он дар китобҳое чун: “Хароҷ”-и Абӯюсуф, “Хароҷ”-и Абӯубайд, “Футуҳ-ул-булдон”-и Билозарӣ, “Зод-ул-маъод”-и Ибни Қаййим, “Сунан”-и Абӯдовуд, Таърихи Яъқубӣ ва дигар манобеи исломӣ омадааст, дар соли 9-уми ҳиҷрӣ байни Паёмбари Ислом(с) ва масеҳиёни Наҷрон – минтақае дар марзи Ҳиҷоз ва Яман — имзо шуда ва худ танҳо як намуна аз усули ҳоким бар ахлоқи сиёсӣ-ҳуқуқии Паёмбар(с) дар риояти ҳуқуқи башар аст.

Паёмбар(с) дар ин паймоннома, зимни ироаи намунаи беназире аз раҳмат, раъфат ва адолати исломӣ, ҳуқуқи мутақобили мардуми Наҷронро тазмин ва тааҳҳуд менамоянд.

Бахши муҳимми ин паймоннома шомили мавориди зер аст:

1) Паёмбар(с) ӯҳдадор мешавад, ки ҳар он чӣ аз молҳои наҷрониён, ки ба сурати амонат ба мусалмонон супурда шудааст, агар осеб бибинад ё нобуд шавад, тавассути фиристодагон ва намояндагони он ҳазрат(с) ҷуброн шавад:

“Ва ба ӯҳдаи эшон аст, ки чун дар Яман даргирӣ ва макре пеш ояд, ба мусалмонон 30 зиреҳ ва 30 асп ва 30 шутур ория диҳанд. Ва ҳар чӣ аз он зиреҳҳо ва аспу шутурҳо ва колоҳои дигар, ки нобуд шавад, фиристодагон ва намояндагони ман зомин хоҳанд буд, ки ба эшон бипардозанд.”

2) Паёмбар(с) ҳуқуқи масеҳиён дар ҳифзи дину ойини худашонро ба расмият мешиносанд. Ҳазраташ (с) паноҳ ва аҳди Худованд ва низ паймони худро “паноҳгоҳи ҷон, мол ва дини мардуми Наҷрон” қарор медиҳанд. Дар ин бахш аз паймоннома, бо ин ки ҳаққонияти рисолати Паёмбар (с) дар ҷараёни Мубоҳала бар сарони масеҳӣ ошкор шуда буд, аммо Расули Акрам (с) на танҳо ҳеч талоше дар ҷиҳати илзоми онҳо бар пайравӣ аз дини худ надоранд, балки бар ҳифзи дини онҳо (масеҳият), ҷон ва молашон аҳду паноҳи Худованд ва паймони худро гувоҳ мегиранд:

“Ва барои мардуми Наҷрон ва атрофи он, паноҳ ва аҳди Худованд ва паймони Муҳаммад Расули Худо дар мавриди ҷонҳо ва ойинашон, сарзамин ва амволашон, парастишгоҳҳо (калисоҳо) ва роҳибон ва усуқфҳояшон ва дар мавриди ғоиб ва шоҳидашон ва ҳар он чӣ аз каму беш дар ихтиёри эшон аст, хоҳад буд.”

3) Паёмбар (с) ҳаққи роҳибон ва кашишони масеҳиро дар доштани вазифа ва мақоми роҳибӣ ва кашишии худ ба расмият шинохта ва тасреҳ менамоянд, ки инон ҳамчунон бар сари кори худ боқӣ монда ва аз кор барканор нахоҳанд шуд:

“Ҳеч усқуф ва роҳиб ва коҳине аз шуғл ва мақоми худ барканор нахоҳад шуд.”

4) Паёмбар (с) бо зикри як қоидаи ҳуқуқӣ, наҷрониёнро аз пардохти хунбаҳои хунҳое, ки дар ҷоҳилият рехтаанд муоф медорад:

“Ва бар эшон ҳеч гуна тааҳҳуде ва пардохти хунбаҳои хунҳое, ки дар ҷоҳилият рехта шудааст нахоҳад буд…”

5) Паёмбари гиромии ислом (с) асоситарин ҳуқуқи сиёсии як миллатро, ки ҳамоно ҳаққи зиндагӣ дар сарзамини худ ва низ баҳрамандӣ аз амният аст, дар мавриди наҷрониён тааҳҳуд ва тазмин менамоянд:

“Ононро аз сарзамини худашон табъид нахоҳанд кард ва аз онон як даҳум гирифта намешавад ва сарзамини эшон пойкӯб нахоҳад шуд ва лашкар ба он кашида намешавад. Ҳар кас аз эшон ҳаққе мутолиба кунад, дар камоли инсоф бидуни ин ки бар онон ситам шавад ё ситамкунанда бошанд, баррасӣ хоҳад шуд.”

Манбаъ: Сомонаи Кимиёи Саодат

Сомонаи фаҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фароҳам омадани шароит барои баргашти муҳоҷирон аз Русия, тавассути автобус
Достоне аз зиндагии Ҳулокухони муғул

Матолиби пурбоздид