Оби ҳаёт

Адаб

Оби ҳаёт

Хизри ҷон оби ҳаёт аз лаби дилҷӯйи ту ёфт,

Мӯсӣ анвори таҷаллӣ ҳама аз рӯйи ту ёфт.

Мурдаро зинда аз он кард Масиҳо ба даме,

К-аз дами боди саҳаргоҳи азал бӯйи ту ёфт.

Хоҷаи ҳар ду саро Аҳмади маҳмудхисол

Ҳусни ахлоқу макорим ҳама аз хӯйи ту ёфт.

Ҳар киро буд саре, дар сари савдои ту шуд

В-он киро буд диле гумшуда, дар кӯйи ту ёфт.

Дар миёни зулумоти сари зулфи ту, Камол,

Ҳамчу Хизр оби ҳаёт аз лаби дилҷӯйи ту ёфт.

(Мавлоно Камоли Хуҷандӣ)

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамоиши хушнависӣ дар Душанбе баргузор хоҳад шуд
Ғазали зебое аз Ҳофиз

Матолиби пурбоздид