Озмуни Дуои Модар дар вилояти Суғд баргузор хоҳад шуд

Ахбори ҳунарӣ

Озмуни Дуои Модар дар вилояти Суғд баргузор хоҳад шуд

Барои ширкат дар озмун матолибе дар қолабҳои беҳтарин матлаби журналистӣ, публитсистӣ ва адабӣ дарёфт мешавад.

Ба гуфтаи баргузоркунандагон, ҳадафи воқеии он тақвияти ҳисси ватанпарастӣ дар вуҷуди насли ҷавон ва тарбияи онҳо дар руҳияи дӯст доштани Модар – Ватан буда, ситоиши олиҳаи меҳри ҷовидон, ранҷҳои бедареғи ӯ дар ҷодаи камоли инсонӣ ва даҳҳо мавзуи ба ин масъала марбут мебошад. Албатта, баъди мутолиаи муқаррароти озмун дар зеҳни хонанда нахуст чунин андеша зуҳур меёбад, ки гӯиё озмун танҳо дар васфи модар аст, аммо дар асл зери мафҳуми модар ва дуои сабзаш даҳҳо арзишҳои милливу мардумӣ, ба мисли меҳандӯстӣ, маърифати шаҳрвандӣ, ахлоқи воло, тарбияи неки насли нав, ҳунару ҳунармандӣ, садоқат ба миллат ва меҳру муҳаббати беолоиш нуҳуфтаанд.

Баргузоркункндагон гуфтаанд, умед дорем, ки ин бор низ ширкаткунандагон аз ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар ҷалб мешаванд ва маросими ҷамъбастии ин озмун, соли 2023 дар арафаи таҷлили Рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор хоҳад шуд.

Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нигоҳе ба зиндагиномаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
ДЕВАШТИЧ ВА САРНАВИШТИ Ў

Матолиби пурбоздид