Ориёӣ кист?
Адаш Истад
Қайдҳо дар ҳошияи мақолаи интернетии Одил Нозир оид ба дурӯягӣ дар ҷомеа.
Ҷомеаи тоҷик меъёрҳои асосии ахлоқӣ дошт, зеро элитаи фарҳангӣ посбони он буд. Дар аввали асри бистум дар Самарқанд агар шоир ва имомхатиби мадрасаи олияи Тиллокорӣ Мавлоно Хубӣ ба саломи касе алек нагирад, тамоми мардум бо ӯ салом намекард. Болшевикҳо элитаи моро нест карданд, ҳама баробар гуфтанд. Дар замони шӯравӣ аз ҳисоби чанд босавод ва мисли Айнӣ бузургони илму адаб боз соҳиби элита шудем,аммо солҳои сиюм қишри асосии элитаи сиёсӣ ва фарҳангӣ нест карда шуд.
Ғафуров, Турсунзода, Шакурӣ ва баъзе бузургони илму фарҳанг дар Тоҷикистони замони Брежневӣ таъсири зиёде ба ҷамъият доштанд. Ҳозир ку чунин лидерҳо?
Аммо дар ҷамъияти капиталистӣ низ муҳити солими ахлоқӣ вуҷуд дорад. Як сарватманди ҳамзабони мо ба Аврупо рафта як иморатро барои офиси корхонаи худ мехарад. Аммо дар он кишвари пешрафтаи дунё ягон кас бо ӯ муносибат кардан намехоҳад. Баъд маълум мешавад, ки сабаби асосии ин гуна муносибат он будааст ки ин иморат солҳои пеш фоҳишахона будааст. Дурӯягӣ дар ҷомеаи тоҷикон ривоҷ ёфтааст, зеро доллар муайянкунандаи мартаба гардид. Пеш вақтҳо ор мекарданд ки хизмати ягон пулдорро кунанд, алъон чунин шахсон каманд. То вақте ки дар ҷомеаи тоҷикон шоистасолории ростин ба мақоми аввал набарояд, вайронии ахлоқ дар ҷомеаи мо зиёд шудан мегирад. Зеро мардуми тоҷик асосан тақлидгар аст, ба бойҳо тақлид кардан мегирад, ва намеандешад ки ин сарват бо роҳи ҳалол ба даст оварда шудааст ё не. Дар замони шоистасолории ростин ҳама танҳо ба одамони пок пайравӣ хоҳанд кард
Барои устувор кардани шоистасолории ростин барномаи давлатию ҷамъиятӣ эҷод бояд кард. Пеш аз ҳама аҳли қалам як ҷамъомад сохта бояд савганд ёд кунанд ки минбаъд одамони ношоистаро васф намекунанд. Ба ҷашни бузургони илму адаб маданият, сиёсат, иқтисодиёт эътибор бояд дод.
Вақте ки дар ҷамият, кишвар инсонро асосан ва комилан аз рӯи сифатҳои олии инсонӣ, ахлоқи хамида, накӯкорӣ, меҳрубонӣ, ҳалолкорӣ бааҳо додан асоси асосҳо шуд, шоистасолорӣ рушд намуда, арматураи пӯлодии маънавияти ҷомеа хоҳад шуд. Шоистасолорӣ дар шароити маҳалгароӣ буда наметавонад. Зеро мардум депутат ё ҳокимро на аз рӯи сифатҳои баланди инсонӣ, балки бештар аз рӯи тааллуқаш ба маҳалли худ ё ба доираи хешовандон интихоб мекунанд.
Шаш зинаи таҳсилоти митроӣ барои шоистасолорӣ хизмат мекард. Дини Зардуштӣ низ дурӯғро душмани асосии инсон дониста, ба шоистасолорӣ мусоидат менамуд.
Дар ИМА сиёсатро сесад кас, ки узви конгресс ва сенат ҳастанд, муайян мекунанд. Инҳо истеблишмент ном доранд. Агар яке нуқси ахлоқӣ медошт, ҳеҷ гоҳ ба ин мартаба расида наметавонист.
Шоистасолорие, ки дар он ҷо ҳукмрон аст, ба интихоби шахси носолим роҳ намедиҳад. Албатта дар ин нақши бузурги расонаҳо низ ҳаст.
Маънои аввали виҷдон дарёфтан будааст. Аммо тоҷикони имрӯзӣ маънои дигари он – натиҷаи муҳокимаи ақлӣ, ҳисси масъулияти рафтор ва кирдори худ, шуурро асосан пазируфтаанд.
Касе агар кори нолоиқе кунаду пушаймон шавад, виҷдонаш азоб дод мегӯянд. Бедил гуфтааст: “Дар чорсӯи кашфиёти зуҳур,.. Ҳар фардеро аз афроди инсонӣ бо ҳақикати худ садоест пинҳонӣ ва муомилаест виҷдонӣ”.
Маънои асосии инсоф бошад, ду тақсими баробар кардан аст. Аммо дар ҷамъияти тоҷикӣ ба маънои ҳақи касеро нахӯрдан, аз рӯи адолат ҳукм кардан аст.
Саъдии Шерозӣ низ ба ҳамин маъно гуфтааст:
Аз он баҳравартар дар офоқ кист,
Ки дар мулкронӣ ба инсоф зист?
Дар ҷамъияти капиталистӣ, ки ба истисмори коргар асос ёфтааст, на танҳо ин мафҳумҳо беқурб мешаванд, балки баъзан тамоман сарфи назар мегарданд.
Вақте ки дар масҷиде, ки наввад дар сади намозхон тоҷик аст, имом ба забони дигар амри маъруф ва наҳӣ аз мункар мекунад, касе аз намозхонҳо намегӯяд, ки эй имомхатиб инсофат куҷо шуд? Ҳазору чорсад сол дар масҷидҳои мо амри маъруф ба забони тоҷикӣ буд ва ислом ба ягон забон имтиёз надодааст, ки забони тоҷикиро сарфи назар кунӣ! Барои ислом ҳама мардуми гуногунмиллати олам баробаранд!
Вақте ки дар ҷомеа мавҳумҳое, ки асоси инсон будани моро ташкил мекунанду беқурб мешаванд, аҳли фаҳм бояд бонги хатар занад ва бояд порлумонро ба он водор созад, ки қонунҳои ҳифзи адолатро эҷод кунад.
Аксар ба ин ақидаанд, ки теъдоди асарҳои илмӣ, адабии кадом шахс зиёд бошад, ҳамон кас зиёдтар ба элита, яъне нухба номидан сазовор аст. Аммо Дмитрий Лихачев барин мутафаккирон бар ин ақидаанд, ки барои муайян кардани зиёӣ дар мақоми аввал инсофу виҷдон, яъне дарди халқро ҳамчун дарди худ қабул кардан меистад, ин хел одам ҳаргиз маҳалгаро буда наметавонад.
Дурӯягиро болшевикон бо усулҳои диктатурии пролетарӣ дар ҷомеаи тоҷикӣ густариш доданд. Баъзе роҳбароне буданд, ки рӯзона ақидаҳои атеистро тарғиб мекарданд, аммо шаб, ки шуд намоз мехонданд. Аз барҳам хӯрдани режими болшевикӣ се даҳсола гузашта бошад ҳам то ҳанӯз дар ҷомеа як хел гап задану зидди он гуфтаи худ амал кардан боқӣ мондааст. Вақте ки режими давлатдорӣ авторитарӣ ё диктатурӣ аст, дурӯягӣ кам не зиёд шуда рафтан мегирад. Инсон ба як чиз ки одат кард, мушкил аст ислоҳи он. Тамоми табибони ҷаҳон ҳар рӯз фарёд мекунанд, ки зиёд хӯрдани ширинӣ, ҳатто меваҳо касалии диабети қандро зиёд карда истодааст, аммо инсонҳо рӯз ба рӯз истеъмоли шириниро меафзоянд. Вақте ки дар организм миқдори қанд ба дараҷаи фоҷиавӣ расиду ба ҳама узвҳо таъсири манфӣ расонид, баъд ба худ меоянд, аммо дигар илоҷи табобат нест, умри боқимонда бояд доим зери назорати эндокринолог буд, доруҳо истеъмол кард. Яъне беморӣ музмин – хронический шудааст. Дурӯягӣ низ чунин бемориҳои кӯҳна аст ва бояд табибони худро дар симои равоншиносу адибону журналистон ва кулли аҳли зиё дошта бошад.
Бубинем, ки дар Ғарб барои пойдории шоистасолорӣ чӣ кардаанд. Дар он кишварҳо бештар обрӯи киҳо баланд аст.
Як рафиқи сарватмандам ба Америка рафту зуд баргашт. Ман аз ӯ савол кардам, барои бизнесдор дар он кишвар имконияти фаровоне буд, чаро баргаштӣ, ки бо ин мансабдорони бюрократу ришвахори кишвари худ мушкилот дошта бошӣ? Вай гуфт: – Дар Амрико ман барин сарватмандон мисли шумо обрӯ надоранд. Дар он ҷо обрӯи адиб, профессор, ҳунарпеша, музикант, спортчӣ аз ҳама баланд. Дар шаҳри мо бошад, обрӯи ман аз онҳо баландтар аст.
Дар Ғарб доим корҳое амалӣ мешавад, аз қабили мукофотҳои гуногун, унвонҳои беҳтарини сол ва ғайра. Аз ситораҳои ҳунар онҳое зиёд обрӯ доранд, ки аз ҳама беш хайрия мекунанд.
Бигзор эъломи шахси беҳтарини сол дар ихтиёри як туда набошад, бигзор ҳар як нашрия худаш интихоб кунад, адиби беҳтарини сол, журналисту публисисти беҳтарин ва ғайраҳу.
Халқ худаш муайян мекунад, ки кадом нашрия аз рӯи адолат интихоб кард ё аз рӯи маҳалгароӣ ё ҷӯрабозӣ.
Таҳорати ботин мегӯему классикҳое дорем, ки ҷилд-ҷилд оиди ахлоқ асарҳо навистаанд, чӣ қадар аз уламои машҳури дин чӣ асарҳое эҷод кардаанд, Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ эҳе-эҳе… шумораашон зиёд.
Аммо маълум мешавад, ки ин ҳама сарвати бузурги маънавӣ кор намекунад, агар сиёсат ба амалӣ кардани кардани он барномаҳои доимии амалиёт надошта бошад.
Ниёгони тоҷикон – ориёҳо дар замони қадим аз Аврупо ба Осиёи Миёна, Эрон ва Ҳиндустон омадаанд. Яъне мо дар асл аврупоӣ ҳастем. Албатта баробари дини мубини исломро ҳифз кардан арзишҳои беҳтарини аврупоиро дар ҷамъият қабулонем. Танҳо дар ҳамон сурат таваҷҷӯҳ ба миллати тоҷик дар тамоми ҷаҳон ҳамчун миллати мутамаддунтарин хоҳад афзуд. Агар ҳар рӯз мо ориёӣ гӯён суруд хонем, чизе тағйир намеёбад, то вақте ки дар амал аврупоӣ нашавем.
Болшевикон бо роҳбарии доҳияшон ҳатто ошпаззан давлатро идора карда метавонад гуфта профессору подабонро баробар карданд. Албатта дар ҳуқуқҳои инсонӣ инҳо баробаранд, аммо дар мартаба баробар нестанд, профессор ба қишри хос аммо подабони камсавод ба қишри ом дохил мешавад. Дар Ҳиндустон кастаҳо ҳастанд, ҳама мақому мартабаи худро медонанд ва зиндагии орому осоишта доранд. Дар мо бошад, ҳар як камсаводе, ки як сол ҳам дар курсии мактаби олӣ нанишастааст, орзуи мансабдор шуданро мекунад. Баъзе бо ришва баҳо гирифта соҳиби дипломи мактаби олӣ шудаанд ва ба мансабҳо расидаанд.
Агар дар матбуот, расонаҳои ошкорбаёнӣ бошад, ин гуна шахсон фош мешаванд ва ба қишри хос роҳ ёфта наметавонанд. Яъне бешак шоистасолориро дар ҷамъият низоми демократӣ устувор карда метавонад.
Як сабаби шавқ надоштани талабагон ба мактаб он аст, ки онҳое, ки бадхон буданд, сарватманд шуданд ва ҷомеаи мо сарватмандро одами бообрӯ меҳисобад. Бача мебинад, ки муаллим маоши кам мегирад ва баъзан солҳо ба Русия рафта мардикорӣ мекунад, чӣ тавр ба дониш дилгарм шавад?
Вазъи нохуше, ки аҳли хос имӯзҳо доранд, ҳатто дар замони хонигариҳо набуд. Дар китобе хонда будам, ки дар кӯча як мулло бо подабоне ҷанҷол мекарданд. Миршаб меояд ва подабонро шатта задан мегирад. Подабон дод мегӯяд, ки ман гуноҳ надорам мулло худашон маро дашном доданд. Миршаб мегӯяд: Мулло авом нест, ту аввомӣ! Қозӣ ҳеҷ гоҳ бовар намекунад, ки ӯ дашном ба забон оварда бошад .
Дар вақте ки лашкари Русияи подшоҳӣ ба Самарқанд расид, ҳокими Самарқанд ба ҷанг ҳамаро сафарбар мекунад, ба ғайри муллову мударрису муллобачаҳои мадрасаҳо. Зеро медонист агар инҳо кушта шаванд, миллат низ нест.
Инро зобитҳо низ медонистанд ва вақте дохили шаҳр шуданд, аввал ба мадрасаҳо ҳуҷум карданд.
Тамаддуни мо аз замони митроизм сар карда ба абармардсозӣ шурӯъ карда буд, яъне такя ба дониш дошт ва бояд ин асолати решагиро ҳафз кунад ва идома диҳад.
Акнун дар бораи он ки ориёӣ кист ва чӣ хислати асосӣ дошт.
Дар солҳои аввали баъди пошхӯрии Иттиҳоди шӯравӣ баъзе корчалону шайтонсифатҳо зуд миллиардер шуданд ва дар Ландану ИМА қасрҳои боҳашамат ва киштиҳои бузурги фароғатӣ харида, ҳама фарзандони худро дар макотиби беҳтарини олии он кишварҳо хононданд. Аммо мансабдорони Ғарб ҳатто яке аз онҳоро ба давраи худ қабул накарданд.
Зеро он ҷо аҳамияте надорад, ки ту чанд миллиард доллар дорӣ, балки саховатмандиат эътибор дорад. Ба назари камина мафуми ориёӣ ҳамин саховатмандиро дар худ дорад. Пиндори нек, гуфтори нек, кордори нек, сухани ҳавоӣ нест, балки ифодагари ғояи асосии ориёист.
Вақте ки барои барномаи интернетии як журналисти тоҷик, ки мақсадаш рушди маънавию ахлоқист, ягон сарватманд кӯмаки молӣ намекунад, чӣ тавр ӯ ориёнажод мансуб мешавад?
Адаш Истад
Қаламонлайн