Оромгоҳи Лев Толстой

Таърих

Оромгоҳи Лев Толстой

Барои Лев Толстой Ясная Поляна (зодгоҳи нависанда, ки дар наздикии шаҳри Тулаи Русия ҷойгир аст – Т. Ҳ.) дар тӯли умри ӯ чӣ қадру манзалате доштааст, ҳеҷ кас беҳтар аз худи ӯ, чунонки дар ёддоштҳову номаҳояш нигоштааст, баён карда натавонистааст. Ҳамаи ин меҳру муҳаббат аз даврони “рангину латиф, ошиқонаву шоирона ва асрорангези кӯдакӣ” оғоз ёфтааст. Ва то даме идома дошт, ки Ясная Полянаи як вақтҳо ба ӯ завқу шодӣ бахшанда дар солҳои охири умраш ба вай изтиробҳои рӯҳӣ низ биёвард.

Толстой бар он ақида буд, ки ӯ набояд дар як ҳолате, ки деҳқонони гирду пеш аз камбағаливу нодорӣ, зулмату бемориҳо мурдан доранд, зиндагии серу пур ва боҳашамате дошта бошад. Граф медонист, ки чӣ мегӯяд. Ӯ дар кишвари худ бисёр сафар мекард ва бо камбағалон мулоқотҳо анҷом медод. Вале чӣ тавр якбора ба ҳамаи онҳо кӯмак расонидан мумкин буд? Ва оё ин имконпазир аст? Ин суолҳо посух надоштанд ва Толстойро, хусусан дар солҳои охири умраш ба тарзи тоқатнопазир азоб медоданд. Ӯ навишт, ки фиреб хурдааст, раҳгум задааст, худро ва зиндагии худро чашми дидан надорад ва мехоҳад онро тағйир бидиҳад.

Дар соли 1910 Толстой пинҳонӣ аз Ясная Поляна берун рафт. Чаро ӯ оила ва ҳавлии дӯстдоштаашро тарк карда рафт? Магар танҳо вазъи мушкили деҳқонон ӯро ба ин водор кард? Тасмими тарк кардани ҳавлии падарӣ дарҳол ба миён наомада, балки иқдоми қаблан мулоҳизашудае буд, ки Толстой дар 82-солагӣ онро амалӣ кард. Ӯ на ҳамту кӯлвори худро бардошта дар торикии шаб аз зиндагии дилгиркунанда роҳи гурезро пеш гирифт. Ба Толстой барои омода шудан ба роҳ пизишк ва духтари ӯ кӯмак карданд. Ва натанҳо онҳо. Бинобар ин ӯ тавре рафтор кард, ки худ мехост – ҳушмандона ва бебозгашт. Қабл аз бадар рафтан аз хона Толстой пинҳон аз зану аҳли оила ба истиснои духтари хурдиаш Саша (Александра – Т. Ҳ.) васиятнома навишт. Молу мулки худро ӯ ҳанӯз хеле пештар аз соли 1910 ба фарзандонаш васият карда буд. Акнун ӯ дар бораи ҳуқуқи моликият ба асарҳои худ васиятнома навишт.

Дар ақоиди Толстой табаддулоти ҷиддӣ на якбору дубор зуҳур кардааст. Боре ӯ ба чунин қарор омад, ки замин танҳо бояд ба касе тааллуқ дошта бошад, ки дар он кор мекунад ва аз ин рӯ заминдорон (помешикҳо) аз моликият ба замин бояд даст бикашанд. Аммо худи ӯ оилаи калон дошт. София Андреевна барои шавҳар сездаҳ фарзанд ба дунё овард. Се кӯдаки онҳо ҳанӯз дар ширхорагӣ нобуд шуданд, ду писарашон дар панҷ ва ҳаштсолагӣ вафот карданд, духтари онҳо Мария дар бисту шашсолагӣ ҳаётро падруд гуфт. Ҳафт тани дигар умри дароз диданд. Толстой 23 набера дошт. Аз ин хотир орзуву хоҳиши графхонум Толстойро, ки мехост, бархилофи иродаи шавҳар ояндаи серу пури фарзандони худро таъмин бикунад, фаҳмидан мумкин аст.

Маҳз ба туфайли васиятнома, ки соҳибони ҳуқуқи муаллифӣ ба осори Толстойро муайян мекард, дар хонадони ӯ ҷанҷолҳои калоне бархост. Навиштаҳои Толстой ба хонавода даромади зиёд меоварданд, баъзе солҳо манбаи асосии даромади оила аз ҳамин ҳисоб буд. Толстой васиятномаи худро чанд бор аз нав навишт.

Вале бо вуҷуди ин ҳуқуқи дахлдорӣ ба асарҳои худро ба тамоми инсоният бахшид, ҳарчанд расман ин ҳуқуқ ба духтари ӯ Александра тааллуқ дошт. Тибқи қонунгузории Русия ба ҳама вогузоштани ин ё он ҳуқуқ номумкин буд, аз ин рӯ он ба номи духтари нависанда навишта шуд.

Толстой дар масъалаи маҳалли дафни худ ба ҳеҷ дудилагӣ роҳ надод. Васият кард, ки ӯро дар бешазор, дар канори сой, дар “макони чӯбаки сабз” бигӯронанд. Ривояти чӯбаки сабзро Толстой дар хурдсолӣ аз бародари дӯстдоштаи худ Николай, ки аз вай шаш сол бузургтар буд, шунида буд. Ҳангоме ки Лев панҷ сол дошт, ӯ ба бародарон эълон кард, ки агар чӯбаки сабз пайдо шавад, ҳамаи одамон хушбахт мешаванд, дар дунё аз беморӣ ва нохушиҳо асаре намемонад.

Николай Толстой ба бародарон дар бораи имконияти дарёфти чизе, ки сабабгори он шуда метавонад, ки касе ба касе хашм нагирад, ҳама якдигарро дӯст доранд ва “бародарони мӯрчаамсол” бишаванд, ҳикоят карда буд. Бародарони Толстой бозиҳои “бародарони мӯрчаамсол”-ро байни худ доир мекарданд. Онҳо дар зери курсиҳо нишаста, бо қуттиҳо гирди онро маҳкам мекарданд, чодарҳо кашида ҷойгоҳи худро торик мекарданд ва ба ҳам ҷафс мешуданд. Он ҳангом эҳсоси махсуси ғамхорӣ ва меҳрубонӣ дар дилашон ҷӯш мезад. Асрори хушбахтӣ дар чӯбаки сабз навишта шуда, ин чӯбак дар роҳ дар канори сойи қадимаи Заказ гӯронида шудааст. Толстой тамоми умр ривояти “бародарони мӯрчаамсол”-ро, ки ба ӯ аз кӯдакӣ ошно буд, ба ёд меовард. Ва чун дар айёми кӯдакӣ ба ин ки “чӯбаки сабз” бо дастури беҳбуди ҷомеа вуҷуд дорад, бовар дошт, ҳамчунин бовар дошт, ки ин ҳақиқат воқеан ҳам мавҷуд аст ва рӯзе аз ҷониби одамон кашф хоҳад шуд. Ҳатто дар замони куҳансолии худ Толстой навишта буд, ки ба ҷуз “бародарони мӯрчаамсол” дигар ҳама кори дунё бозие беш нест.

Ба фикри хушбахтӣ ва муҳаббати умумибашарӣ Толстой дар эҷоди асарҳои бадеӣ, рисолаҳои фалсафӣ ва навиштаҳои публитсистии худ бозгашт. Вале бо вуҷуди ин ҳама ӯ чӯбаки сабзро пайдо накард.

Лев Толстойро чандин ҳазор кас ба роҳи охир гусел карданд. Ва онҳо на танҳо хешу табор ва дӯстону ошноҳои ӯ буданд, балки деҳқонони маҳаллӣ низ хеле аз ин ҷамоаро ташкил медоданд. Яке аз рӯзномаҳо навишт, ки Толстой воқеан ҳам чунон кӯҳе аз эҳсосоти одамонро ба дӯш дошту ҳаракат мекард, ки чунин борро ягон шоҳ ва кишваркушой таҳаммул карда наметавонист.

Дар акс: Ясная Поляна, оромгоҳи Лев Николаевич Толстой

Тарҷумаи Т. ҲАСРАТОВ,

аз саҳифаи “The Пятница”

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таҳлилгари рус: Пас аз Сурия навбат ба Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон мерасад
Ботил аз қувват пазирад шаъни Ҳақ

Матолиби пурбоздид