Осори бостонии нодири Афғонистон ба ғорат рафтааст
Радди пои осори бостонии Афғонистон дар Аврупо
Пас аз ишғоли Афғонистон тавассути амрикоиҳо аз ин кишвар, нусхаҳои хаттӣ ва дигар осори бостонии Афғонистон ба ғоратрафтааст.
Дар хабарҳо омадааст, ки даҳҳо нусхаи хаттии бостонӣ, шомили нусхаҳои хаттии нодири Қуръон, пас аз ғорат аз Афғонистон, дар кишварҳои аврупоӣ ба фуруш гузошта шудааст.
Як гуруҳи таҳқиқотӣ аз муаррихон дар Қатар мегӯянд, даҳҳо нусхаи хаттии бостонӣ, шомили нусхаҳои хаттии Қуръонии бисёр нодир, пас аз сирқат аз Афғонистон, дар кишварҳои аврупоӣ ба ҳароҷ гузошта шуда буданд, ки бо мудохилаи онҳо аз фурӯши ин нусхаҳо ҷилавгирӣ шуд.
Стефан Аипрт-мудири маҷмӯъаҳои вижаи Китобхонаи миллии Қатар дар ин бора гуфт: Соли 2020 бохабар шудем, ки бархе аз нусхаҳои хаттии Қуръонии муҳим аз Кобул ғорат шуда ва дар Порис, Ландан ва Амстердам ба фурӯш мерасад.
Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн