Оташбаси муваққат дар Ғазза
Ахбори байналмилал
Irna
Оташбаси чаҳоррӯза байни режими саҳюнистӣ ва ҷунбиши муқовимати Ҳамос дар навори Ғазза аз соати 7 субҳи имрӯз (ҷумъа, 24 ноябр) оғоз шуд.
Ба гузориши Ирно, ин оташбас қарор буд рӯзи панҷшанбе соати 10 ба вақти маҳаллӣ дар Ғазза иҷроӣ шавад, ки ба далели он чи масоили фаннӣ унвон шуда бо як рӯз таъхир аз имрӯз дар Ғазза иҷроӣ шуд.
Муқовимати Фаластин дар посух ба беш аз ҳафт даҳа ишғолгарӣ ва таҷовузи режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Ғазза ва дигар манотиқи сарзаминҳои ишғолӣ, дар 7 октябр амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо”-ро алайҳи ин режим оғоз кард.
Режими саҳюнистӣ мутобиқи маъмул бо қатли омми ғайринизомиён ва бомбборони манотиқи маскунӣ, ба амалиёти размандагони муқовимат посух дод. Ин режим дар ниҳоят, шикаст дар амалиёти худ барои озодсозии асиронро пазируфт ва таслими муқовимат шуд.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Қатар дар тавзеҳи ҷузъиёти ин оташбас эълом кард, ки оташбаси муваққат дар Ғазза соати 7 субҳи ҷумъа иҷро хоҳад шуд ва тамос бо ҳамаи тарафҳо ва миёнҷигарон поён ёфта ва феҳристи номи касоне, ки озод мешаванд, таҳвил дода шудааст.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Қатар таъкид кард, ки аввалин даста аз асирони ғайринизомӣ ҳудуди соати 16 имрӯз таҳвил дода мешавад.
Вай идома дод: “Дар чаҳор рӯзи оташбаси муваққат, иттилооти марбут ба асирони боқимонда ҷамъоварӣ мешавад.”
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Қатар тасреҳ кард: “Умедворем ин оташбаси инсонӣ мунҷар ба оғози кори бештар барои дастёбӣ ба оташбас ва сулҳи пойдор шавад.”
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Қатар гуфт: “Интизор дорем ҳар ду тараф ба муфоди тавофуқ пойбанд бошанд ва инро бисёр мусбат мебинем.”
Баёнияи Қассом перомуни оташбаси муваққат дар Ғазза
Гурдонҳои Қассом (шохаи низомии ҷунбиши Ҳамос) низ дар баёнияе эълом карданд, ки оташбаси муваққат аз имрӯз (ҷумъа, 24 ноябри 2023) раъси соати 7 субҳ (ба вақти Фаластин) иҷроӣ хоҳад шуд ба ин шарҳ:
– оташбас 4 рӯз хоҳад буд, ки аз субҳи ҷумъа шурӯъ хоҳад шуд ва тайи он ҳар гуна иқдоми низомии гурдонҳои Қассом ва гурӯҳҳои муқовимати Фаластин ва душмани саҳюнистӣ дар тӯли айёми оташбас мутаваққиф хоҳад шуд;
– таваққуфи парвози ҳавопаймоҳои исроилӣ ба таври комил дар ҷануби навори Ғазза;
– таваққуфи парвози ҳавопаймоҳои исроилӣ дар шаҳри Ғазза ва шимоли навори Ғазза ба муддати 6 соат дар рӯз аз соати 10 субҳ то 4 аср;
– дар муқобили ҳар асири исроилӣ, 3 асири зану кӯдаки фаластинӣ озод хоҳад шуд;
– тайи 4 рӯзи оташбаси муваққат 50 асири исроилӣ аъамм аз зану кӯдаки камтар аз 19 сол озод хоҳанд шуд;
– вуруди рӯзонаи 200 мошини маводди ғизоӣ ва таҷҳизоти пизишкӣ барои ҳамаи манотиқ дар навори Ғазза;
– вуруди рӯзонаи 4 мошини сӯхт ва гази мойеъ (пухту паз) барои ҳамаи манотиқ дар навори Ғазза.
Irna
Қаламонлайн