Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Аҳмақҳо бӯйи кабоб шуниданд”
Ахбори байналмилал
Дар солрӯзи милоди босаодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (а) ва низ солгарди вилодати ҳазрати Имом Хумайнӣ (р), ҷамъе аз шоирони аҳли байт (а) бо Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон дидор карданд.
Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор гуфт: “Барномаи Омрико барои тасаллут бар кишварҳо, яке аз ду чиз аст: ё эҷоди истибдод ё ҳарҷу марҷ ва иғтишош; дар Сурия ҳарҷу марҷ ба вуҷуд оварданд ва ҳоло ба хаёли худашон эҳсоси пирӯзӣ мекунанд.”
Вай афзуд: “Як унсури омрикоӣ дар лифофа мегӯяд: Ҳар ки дар Эрон иғтишош кунад, мо кӯмакаш мекунем; аҳмақҳо бӯйи кабоб шуниданд.”
Оятуллоҳ Хоманаӣ тасреҳ кард: “Миллати Эрон ҳар касеро, ки муздурии Омрикоро дар ин замина қабул бикунад, дар зери гомҳои худ лагадмол хоҳад кард.”
Қаламонлайн