Оятуллоҳ Хоманаӣ: Бояд бо фоҷеаофаринии режими хабис ва манфури саҳюнӣ дар Ғазза, муқобила шавад

Оятуллоҳ Хоманаӣ: Бояд бо фоҷеаофаринии режими хабис ва манфури саҳюнӣ дар Ғазза, муқобила шавад

Ахбори байналмилал

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, дар дидор бо раиси ҷумҳури ин кишвар ва ҳайати вазирон аз ҷумла гуфт: “Кишварҳое, ки имрӯз мӯътариз ҳастанд, бавежа кишварҳои исломӣ, бояд равобити бозаргонии худро ба куллӣ бо режими саҳюнистӣ қатъ кунанд ва ҳатто равобити сиёсиашонро низ қатъ карда ва ин режимро мунзавӣ кунанд.”

Вай афзуд: “Режими саҳюнистӣ ҳамакнун мунзавитарин ва манфуртарин давлати дунёст, аммо бояд беш аз ин низ роҳҳои иртиботӣ баста шавад. Ин вазифае аст, ки бар ӯҳдаи ҳамаи давлатҳост.”

Раҳбари Ҷ.И.Эрон таъкид кард: “Ба назари ман, яке аз хутути аслии диплумосии мо бояд ин бошад, ки ба давлатҳо суфориш ва таъкид кунем, равобити худро ибтидо дар заминаи бозаргонӣ ва сипас дар заминаи сиёсӣ бо ин режим қатъ кунанд.”

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Пайгирӣ то расидан ба натиҷаи матлуб

Матолиби пурбоздид